Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Рӯдакӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

 

М У Қ А Д Д И М А

Шинохти шеър ва шоирони аҳди Сомониён ва шеъру сухани форсии асрҳои YIII ва IX дар оғози асри XI, яъне замони Ғазнавиён шурӯъ шудааст. Манучеҳрии Домғонӣ (ваф. 1040 – 1041) дар қасидаи машҳури «Дар луғази шамъу мадҳи Ҳаким Унсурӣ» шоирони маъруфи форсигӯйро чунин ёд мекунад:

Дар Хуросон Бӯшуайбу Бӯзар, он Турки Кишӣ,
В-он Сабури Порсӣ в-он Рӯдакии чангзан.
Он ду Гургонию ду Розию ду Валволиҷӣ,
Се Сарахсию се, к-андар Суғд буда мустакан...
Аз Бухоро панҷу панҷ аз Марву панҷ аз Балху боз
Ҳафт Нишобурию се Тӯсию се Булҳасан.
Гӯ фароз оянду шеъри устодам бишнаванд,
То ғаризӣ равза бинанду табиӣ настаран.

Манучеҳрӣ шоирони бузурги арабро бо зикри ном хотирнишон мекунад. Аз шоирони порсигӯй панҷ нафар – Бӯшуайб, Бӯзар (Абӯзар), Турки Кишӣ, Сабури Порсӣ ва Рӯдакӣ номбар шуда, баъдан миқдори шоирони шаҳру навоҳӣ зикр карда мешавад. Тибқи маълумоте, ки шеъри мазкури Манучеҳрӣ медиҳад, дар асри Х 40 шоири устод зиндагӣ ва фаъолият доштааст. Манучеҳрӣ бегумон шоирони маъруфи шӯҳратёфта ва дар замони ӯ ба дараҷаи қудрат ва устодӣ расидаро дар назар дорад. Овозаи ин шоирон аз Суғду Бухоро, Балху Марв, Нишопуру Тӯс ба Манучеҳрӣ - зода ва парваридаи Рай-Эрони марказӣ ва барои он замон ва қисмати ғарбии интишори забони форсии дарӣ расида буд. Ӯ баъзеи ин шоиронро аз рӯи девони онҳо, хабарҳои шифоҳию китобӣ ё интишори овозаву шӯҳрати шоирияшон ҳам мешинохт. Онҳо чиҳил нафар шоирони маъруфу шинохта буданд, дар паҳлӯи онҳо ва ҳамзамон бо онон басо касоне гирифтори завқи суханварӣ буданд, ки мо имрӯз сареҳан дар бораи онҳо чизе гуфта наметавонем. Аммо дар ин ки теъдоди шоирон бештар аз рақами нишондодаи Манучеҳрист, ҷои шубҳа нест. Имрӯз номи 57 шоири асри Х маълум аст, ки аз онҳо намунаи ашъор то замони мо ба муждагонии баракати рӯзгору фаъолияташон расидааст. Ин ҳам муҳим аст, ки ин шоирон аз як ё якчанд шаҳри марказӣ нестанд, онҳо ба ҳамаи манотиқи Хуросони бузург ва маркази Эрон тааллуқ доранд ва таносуби маҳаллияшон чунин аст: Бухоро – 5 нафар, Марв – 5, Балх – 5, Нишопур – 7, Тӯс – 3, Гургон – 2, Рай – 2, Валволиҷ – 2, Сарахс – 3, Суғд – 3 шоир. Се шоир бо куняи Булҳасан (Абулҳасан) зикр шудаанд, ки бояд теъдоде дигар аз шоирони мансуби маҳалҳои мазкур бошанд, ки куняи Абулҳасан доштаанд.

Маъхази дигаре, ки аз шумораи шоирони асри Рӯдакӣ, аввалин шоирони порсигӯй хабар медиҳад, тазкираи «Лубобулалбоб»-и Муҳаммадавфии Бухороист. Дар фасли «Зикри шуарои оли Сомон»-и ин тазкира дар шакли бисёр мӯҷаз аз рӯзгор ва намунаи ашъори 31 шоир маълумот дода шудааст. Дар фасли марбут ба шеъри мулуку салотин муаллифи тазкираи мазкур шахсият ва шеъри се нафар подшоҳи суханвар – Амир Мунтасир, Абулмузаффари Чағонӣ ва Оғоҷии Бухороиро муаррифӣ намудааст. Муҳаммад Авфӣ низ дар маҷмӯъ дар бораи 34 шоири замони Рӯдакӣ маълумот медиҳад, ки он ба ахбори Манучеҳрӣ хеле наздик аст. Агар се шоире, ки Манучеҳрӣ онҳоро бо куняи Абулҳасан ёд кардааст, аз шумораи умумии шоирони зикрнамудаи ӯ ихтисор карда шавад, теъдоди шоирони ёдоварикардаи ӯ низ аз 37 нафар убур намекунад. Ба ҳар ҳол маълум мешавад, ки дар асри Х милодӣ дар ҳадди ақал 35 шоири номдор зиндагӣ ва фаъолият намудааст.

Китоби «Тазкиратушшуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ принсипи замонии тартиби «Лубобулалбоб»-и Муҳаммад Авфиро надорад. Шоирони қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ ё аҳди Сомониён дар китоби Давлатшоҳ дар боби алоҳида ҷамъ оварда нашудаанд. Баъди ин дар шинохти шоирони он замон ва шеърашон пайванди замонии тазкираи Авфӣ ва ё табақоти тазкираи Давлатшоҳ ва гоҳе ҳам ҷуғрофӣ дорад.
Дар давраи нав шеъри шоирони аҳди Сомониён дар китобҳои таърихи адабиёти асри Х, дар маҷмӯаҳои осори манзум қайду забт шудаанд. Аввалин кӯшиши дар як китоби ҷомеъ гирд овардани ашъори шоирони ҳамасри Рӯдакиро Саъид Нафисӣ анҷом дод. Ин асари муҳим дар се китоб чоп шуда, дар ҷилди дуюм сухан дар бораи муосирони Рӯдакист. Саъид Нафисӣ шахсият ва шеъри шоирон Шаҳиди Балхӣ, Фароловӣ, Муродӣ, Абулаббоси Рабанҷанӣ, Абулмасали Бухороӣ, Абӯисҳоки Ҷӯйборӣ, Абулҳасани Оғоҷӣ (Оғочӣ), Тахорӣ (Таҳовӣ), Хаббозии Нишопурӣ, Абулҳасани Кисоӣ, Дақиқӣ, Абӯзироаи Гургонӣ, Истиғноии Нишопурӣ, Абӯабдуллоҳи Ҷунайдӣ, Амораи Марвазӣ-дар маҷмӯъ 15 шоири ҳамасри Рӯдакиро дар ин китоб ҷой додааст.

Асари бисёр арзишманди дигар «Шоирони ҳамасри Рӯдакӣ» аст, ки мураттиби он Аҳмад Идорачии Гелонӣ мебошад. Нависандаи ин китоб ахбор ва ашъори 48 шоири ҳамасри Рӯдакиро бо нақду баррасии бисёр судманде анҷом дода ва чоп кардааст. Китоби тозае, ки ашъори шоирони асри Х бо шарҳи ҳолу нақди мухтасари ашъор, маъхаз, тафовути қироат ва вожаву таркибҳо дар он бо камоли диққату эҳтиёткорӣ анҷом ёфтааст, асари Муҳмуди Мудаббирӣ «Шарҳи аҳвол ва ашъори шоирони бедевон дар қарнҳои 3-4-5 ҳиҷрии қамарӣ» мебошад.

Дар Тоҷикистон ашъори шоирони асри Х соли 1958 ба муносибати ҷашни 1100 - солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шакли барои он замон комил ва ҳаҷман бузург чоп шуд. Дар ин маҷмӯа ашъори 56 шоир, минҷумла намунаҳо аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҷамъ оварда шудаанд. Соли 1999 ба муносибати ҷашни 1100 - солагии таъсиси давлати Сомониён бо кӯшиши мураттибони маҷмӯаи ҳозир китоби мухтасаре бо номи «Шоирони аҳди Сомониён» ба чоп расонида шуд, ки ба сабаби таъҷилӣ будани кор бо ихтисори миқдоре аз шоирон ва махсусан ашъори шуаро анҷом пазируфт. Дар маҷмӯаи ҳозир ҳамаи ашъори боқимондаи шоирон бо муқаддимаи мухтасар дар бораи зиндагию фаъолияти онҳо, бо муқоисаи чопҳои зикршуда ва миқдори фаровони манобеъ, ки дар охири китоб феҳристи онҳо замима шудааст, ҷамъоварӣ гардидаанд. Аз ашъори шоирон танҳо абёте ихтисор шуданд, ки онҳоро гузаштагон ҳазли қабеҳ мехонданд ва овардани онҳо дар чопи оммавӣ номуносиб дониста шуд.

Дар илми адабиётшиносӣ мафҳумҳои гузаштагони Рӯдакӣ, аввалин шоирони порсигӯй, шоирони аҳди Тоҳириёну Саффориён ва қадимтарин намунаҳои шеъри порсии дарӣ зиёд истифода мешаванд. Дар ин мавзӯъ донишмандони гузашта баҳсҳо карда ва ҳар яке барои тасдиқи даъвои худ далелу асосе ё ривояте овардаанд. Дар ин ҷо имкони дар сари ахбору манобеъ баҳс кардан нест, зеро сухан ба дарозо мекашад ва ин муқаддима имкони таҳаммули онро надорад. Фақат ҳаминро мегӯем, ки аввалин шеърҳо ба забони форсӣ, маълумоти мухтасар дар бораи шахсияти нахустин шоирони форсигӯй ва шеъри онҳо ба ин маҷмӯа дохил карда шудаанд.

Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
 
Қасоиду ғазалиёт ва қитъаот
Рубоиёт
Абёти пароканда
Абёти пароканда аз маснавиҳо

Луғатҳои бар пояи матни ин китоб таҳияшуда
Луғатномаи китобшиносӣ
Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj