|
|
|
|
|
|
|
|
|
Шоирони ҳамасри Рӯдакӣ |
|
|
МУНҶИКИ ТИРМИЗӢ
Абулҳасан Алӣ ибни Муҳаммад Мунҷики Тирмизӣ аз ҷумлаи шоирони машҳури охири ҳукмронии Сомониён аст. Мунҷики Тирмизӣ шоири дарбори амирони чағонӣ мебошад. Эҳтимол ӯ дар охири умраш бо подшоҳони ғазнавӣ робита пайдо кардааст. Мунҷик ба ҳазлу базлагӯӣ рағбат дошта, ба замми ин чангро низ хуб менавохта ва аз ин сабаб ӯро Мунҷики Чангзан ҳам мегуфтаанд. Шоири ҳиҷогӯи асри XII Сӯзании Самарқандӣ худро дар ҳаҷвгӯӣ бо Мунҷик чунин қиёс мекунад:
Ман он касам, ки чу кардам ба ҳаҷв гуфтан рой, Ҳазор Мунҷик аз пеши ман кам орад пой.
Аз меросии адабии Мунҷик то имрӯз дар ҳудуди 326 байт ҷамъ оварда шудааст.
Дил бипардоз замонею манеҳ пушт бар ӯ, Ки падидор шуда девча андар намадо.
Саҳифаи 1/159
| | | | | | | << Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
|
|
|
|
|
|