|
АБӮАЛИИ САРАХСӢАбӯалӣ Зоҳир ибни Аҳмад ал-Фақеҳи Сарахсӣ олим ва фақеҳи охири асри Х мебошад. Абӯалии Сарахсӣ устоди аввалини Шайх Абӯсаъид Абулхайр буда шайх аз ӯ ахбор, тафсир ва усул омӯхтааст. Абӯалӣ дар Сарахс вафот ёфтааст. Дар маъхазҳо ин панҷ байти ғазалгуна ба номи ӯ омадааст:
Дарой ҷоно, бо ман ба кор, агар ёрӣ Вагарна рӯ ба саломат на бар сари коре. На ҳамраҳӣ ту маро, роҳи хеш гиру бирав, Туро саломат бодо, маро нигунсорӣ. Маро ба хонаи хаммор бар, бад-ӯ биспор, Нигар, маро ба ғами рӯзгор наспорӣ. Набиз чанд маро деҳ барои мастиро, Ки сер гаштам аз ин зиракию ҳушёрӣ.
|