|
|
|
|
|
|
|
|
|
Шоирони ҳамасри Рӯдакӣ |
|
|
АБУЛАББОСИ ҚАССОБ
Абулаббос Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Абдулкарими Омулӣ аз ҷумлаи машоихи маъруфи сӯфия буд ва дар охири асри Х мезист. Ӯ касби қассобӣ дошт ва бо ҳамин пеша таъмини зиндагонӣ мекард. Лақаби Абулаббос ҳам, ки «Қассоб» аст, аз ҳамин касби ӯ манша гирифтааст. Абулаббоси Қассоб дар шаҳри Омул хонақоҳ дошт ва Абулҳасани Харақонию Абӯсаъид Абулхайр як-ду сол дар назди ӯ қарор доштаанд. Зикри аҳволу маноқиби ӯ дар китобҳои тасаввуфи омадааст. Як байт ва як рубоии зайли Абулаббоси Қассоб ба тавассути «Номаҳо» ва «Тамҳидот»-и Айнулқузоти Ҳамадонӣ то замони мо расидааст:
Чандон барам нар ман ном, Пои деворею рой ме ном.
Саҳифаи 1/2
| | | | | | | << Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
|
|
|
|
|
|