Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 

Шоирони ҳамасри Рӯдакӣ

 

ФАРОЛОВӢ

Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Мӯсо Фароловӣ шоири муосири Шаҳиди Балхӣ ва Рӯдакӣ буд. Рӯдакӣ ӯро ҳамчун шоири соҳибшӯҳрат мешиносад ва дар байти зайл мегӯяд:

Шоир Шаҳиду шӯҳра Фароловӣ,
В-ин дигар ба ҷумла ҳама ровӣ.

Аз рӯзгори Фароловӣ маълумоте дар даст нест. Аз ашъораш абёте пароканда боқӣ мондааст. Аз ашъори боқимондаи Фароловӣ байти охири қитъаи «То ба кай бӯса...» ихтисор шуд.

Дило, кашидан бояд итобу нози бутон,
Рутаб набошад бе хору канз пурборо.
Тораме аз сарои туст фалак,
Минтақа ресмони бонуҷ аст.
Лодро бар бинои муҳкам неҳ,
Ки нигаҳдори лод бунлод аст.
Кафшгар дид марди довари тафт,
Лиф дар... ни ӯ ниҳоду бирафт.
Ман раҳӣ пиру сустпой шудам,
Натавон роҳ кард бе полод.
Саҳрои сангрӯю куҳи санглохро
Аз сумми оҳувону гавазнон шиёр кард.
Ҳушам зи завқи лутфи суханҳои ҷонфазош
Аз ҳуҷраи дилам суи тобуки гӯш шуд.
Чун набошад бинои хона дуруст,
Бегумонам, ки зери рашт ояд.
Эй ман раҳӣ аз дасту хатти килкат,
Аз пӯсти раҳи салм кун, ки шояд.
Зи туки масти ту олам хароб аст,
Ба қайди зулфи ту халқе гирифтор.
Он кун, ки бад-ин вақт ҳамекардӣ ҳар сол,
Хаз пӯшу ба кошона шав аз суффаи фарвор.
На ҳамчун рухи хубат гули баҳор,
На чун ту ба некуӣ бути татор.
Ман омиламу ту муомилӣ,
В-ин кор маро бо ту бувад дахш.
То ба кай бӯса бар чак чалбӣ,
Бишмарӣ ҳамчу тангаро сарроф.
Ё ба ғарбела ҳамчу барзгаре
Дона аз каҳ ба чак бисозӣ соф.
Эй бар ҳама қаҳбагони гетӣ сарчик,
... ни ту фарохтар зи сесад харчик.
Навошиқаму аз ҳама хубони замона
Дахшам ба ту аст, арчи киам хуб бувад ҳол.
Ҳам оҳуфағанд асту ҳам тезтак,
Ҳам оҳистахӯй асту ҳам тезгом.
Чи шуғл бошад воҷибтар аз зиёрати он-к,
Агарчи нек бикӯшам, ба хидматаш нарасам.
Ҳаме шафеъ наёбам аз ӯ ба узри гуноҳ,
Каримтабъии ӯ назди ӯ шафеъ басам.
Чун мӯрдМӯрд – навъи дарахти шабеҳи анор буд сабз куҳан мӯи ман ҳама,
Дардо, ки барнишаст бар он мӯи сабз башм.
Фузун з-он ки бахшӣ ба зоир ту зар,
На сова, на руста барояд зи кон.
Меғ чун турке ошуфта, ки тир андозад,
Барқ тир аст мар ӯро магару рахш камон.
Модаговони подааш ҳар як
Шоҳпарвар бувад чу бармоюн.
Шири ғош асту ба пистон - дар ҷуғрот шудаст,
Чашм дорад, ки фурӯ резад дар кайфари ту.
Зи ногаҳ бори пирӣ бар ман афтод,
Чу бар хуфта фитад ногаҳ каранҷу.
Ба тан - бар яке жандае аз пату
Шабу рӯз будӣ ба мӯю ба рӯ.
Гирди гетӣ ҳамеша гардонӣ,
Чу шубон бо камосаву боҳу.
Об гулфахшанг гашта аз фасурдан, эй шигифт,
Ҳамчунон чун шишаи симин нигун овехта.
Раво набвад, ки бо ин фазлу дониш
Бувад шурбам ҳаме доим зи мунда.
Ту шаб оӣ, ниҳон бувӣ ҳама рӯз,
Ҳамчуноне яқин, ки шабеза.
Агар бо ман дигар ковӣ, хурӣ ногаҳ
Ба сар - бар теғу бар паҳлӯй шангина.
Ҷуде чунон рафеъаркон,
Уммон чунон шигарфпоя.
Аз гиряву оҳи оташинам
Гоҳе пара асту гоҳ поя.
Ман зи оғолишат натарсам ҳеч,
В-ар ба ман ширро бароғолӣ.
Дар бадию кадӣ, ту эй манҳус,
Состосову сосиосоӣ.

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
 








 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj