Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 

Шоирони ҳамасри Рӯдакӣ

 

БАШШОРИ МАРҒАЗӢ

Аз аҳволи ин шоир маълумоте дар даст нест. Ризоқулихони Ҳидоят мегӯяд, ки ӯ ба забонҳои форсӣ ва арабӣ шеър мегуфт. Манучеҳрии Домғонӣ дар қасидаи ба мадҳи Унсурӣ сурудааш панҷ шоири бузурги Марвро ёд мекунад, ки эҳтимол яке аз онҳо ҳамин Башшор аст. Ба ақидаи Маликушшуаро Баҳор номи саҳеҳи ин шоир дар шакли маъмули он замон Башгар будааст.

Ягона шеъри бозмондаи ӯ қасидаи зебои хамрияест, ки аз 31 байт иборат мебошад:

Разро Худой аз қибали шодӣ офарид,
Шодию хуррамӣ ҳама аз раз шавад падид.
Аз ҷавҳари латофати маҳз офарид раз
Он, к-ӯ ҷаҳону халқи ҷаҳонро биёфарид.
Аз раз бувад таому ҳам аз раз бувад шароб,
Аз раз бувад-т нуқлу ҳам аз раз бувад набид.
Шодӣ фурухту хуррамӣ он кас, ки раз фурӯхт,
Шодӣ хариду хуррамӣ он кас, ки раз харид.
Ангури токи ӯ нигару васфи ӯ шунав,
Васфе тамом гуфт зи ман боядат шунид.
Он хӯша бин, фитода бар ӯ баргҳои сабз,
Ҳам диданаш хуҷаставу ҳам хӯрданаш лазиз.
Рӯзе шудам ба раз ба назора, ду чашми ман
Хира шуд аз аҷоиби алвон, ки бингарид.
Дидам сиёҳрӯй арӯсони сабзмӯй,
К-аз ғам дилам ба дидани эшон биёрамид.
Гуфтӣ, ки шоҳи Занг яке сабз чодаре
Бар духтарони хеш ба амдо бигустарид.
В-эшон муаллақ аз ҳар ҳолею ҳар яке
Овехта зи модар, пистон ҳамемазид.
Ман даст ҳар замон ба яке кардамею шод
Будам бад-он чи даст бад-эшон ҳамерасид.
Огаҳ набуд эч, ки деҳқон маро зи дур
Бо он бузургвор арӯсон ҳаме бидид.
Бо ман зи шарм ҳеч наёраст гуфт, лек
Аз баҳри ному нанг яке теғ баркашид.
В-он гардани латифи арӯсон ҳамегирифт,
Пайвандашон ба теғи буранда ҳамебурид.
З-он ҷомаҳои сабз ҷудо кардашон ба хашм,
Бар ҷойгоҳ куштанашон - бар бихобанид.
Зери лагад ба ҷумла ҳаме кушташон ба зӯр,
Чунон ки пӯст бар тани эшон ҳамедарид.
Ҳавзе зи хуни эшон пур шуд миёни раз,
Азбаски-шон зи тан ба лагадкӯб хун давид.
В-андар миёни санг ниҳон кард хунашон
Деҳқону лаб зи хашм ба дандон ҳамегазид.
В-он сангро зи санг яке мӯҳр барниҳод,
Шуд чанд гоҳ, собирию хомушӣ гузид.
То панҷ моҳ ёд накард эч гуна з-ӯй,
Аз рӯи зиракию хирад ҳамчунин сазид.
Чун навбаҳор боғ биёрост чун биҳишт
Аз савсани сапеду гули сурху шанбалид,
Андар миёни сабза ба дашту ба кӯҳсор
Мушкин бунафшаву суману лола бардамид.
В-он зандбофи гунгшуда шуд чу Борбад
Дастонзанон зи сарв ба гул - бар ҳамепарид.
Деҳқон зи хона бӯи гулобу арақ шунид,
Баргашт гирди хона, зи ҳар сӯ ҳамечамид.
В-он сангро биёфт, куҷо мӯҳр карда буд,
Барканд мӯҳру дил ба бараш - бар ҳаметапид.

Саҳифаи 1/2
<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
 








 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj