Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
هر، که ناموخت از گزشت روزگار،
نیز ناموزد ز هیچ اموزگار.
رودکی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

Шоирони ҳамасри Рӯдакӣ

 

МАЙСАРИИ ҲАКИМ

Майсарӣ донишманди тиб ҳисоб меёфта ва аз ҳунари эҷоди каломи мавзун низ бебаҳра набудааст. Далели завқи шоирӣ доштани Ҳаким Майсарӣ манзумаи тиббии ӯ бо номи «Донишнома» аст. Дар бораи соли таълифи ин асар худи муаллифи он чунин маълумот додааст:

Ман ин гуфторро анҷом додам,
Ва «Донишнома» аввал ном додам.
Ман инро гуфтам андар моҳи шаввол,
Ба шасту сесаду ҳафт омада сол...
Ман аз ду бисту се даргузаштам,
Ва девони ҷавонӣ дарнавиштам.

Аз ахбори фавкуззикри Майсарӣ маълум мегардад, ки ӯ ҳангоми таълифи «Донишнома» 46 - сола буда ва ин санаСана – лаънат, дуои бад, нафрин ба соли 370 ҳиҷрӣ (980-981 милодӣ) баробар меояд. Пас, Майсарии Ҳаким соли 324 ҳиҷрӣ (935-936 милодӣ) ба дунё омадааст. Дар бораи ҷузъиёти зиндагӣ ва таҳсилоти ӯ маълумоте дар даст нест.
«Донишнома»-и Майсарии Ҳаким аз 4481 байт иборат будааст ва намунаҳои зайл аз асари мазкур интихоб карда шудааст:

Сутуни ҳар чи аз дониш, чаҳор аст,
Ду з-он ҳамвора мардумро ба кор аст.
Нахустин з-ӯ ситора, к-аш бидонӣ,
Ҳама ойинҳои ӯ бихонӣ.
Бидонӣ сар ба сар рафтори ӯро,
Зи некию бадӣ кирдори ӯро.
Дигар дониш туро гӯям кадом аст,
Мар ӯро ҳандаса зӣ Рум ном аст.
Шумурдан, гар на паймудан-ш бунёд,
Ҷаҳон аз дониши ӯ ҳаст обод.
Чи чоҳ асту чи болои баланд аст,
Бурун орад ба паймудан, ки чанд аст.
Сеюм дониш, пизишкӣ, дониши тан,
Ки танро доштан беҳтар зи ҷавшан
Чаҳорум дониши дини худоӣ,
К-аз ӯ ёбад тан аз дӯзах раҳоӣ.
Ситора гар надонӣ, з-ӯ гузир аст,

Вагарчи дониши хубу ҳажир аст.
Ҷаҳон паймудан арчи судманд аст,
Ҳам он кас, к-аш надонад, бегазанд аст.
Пизишкирову динро гар надонӣ,
Зиён аст инҷаҳонӣ в-онҷаҳонӣ.
Яке танро зи беморӣ бисӯзад,
Дигар ҷонро ба дониш барфурӯзад.
Пизишкӣ донишаш танро паноҳ аст,
Ва дин, донистанаш ҷонро силоҳ аст.
Вагарчи дин зи ҳар дониш гузидаст,
Ки ҷонро растан аз бадҳо падид аст.
Ҳам ӯро аз пизишкӣ нест чора,
Набошад бо дурустӣ кас ҳамора.
Касе, к-аш дарду беморӣ газояд,
Ба сӯи дониши дин кам гарояд.
Ҳама сармояи ӯ тандурустӣ,
Зиён аз дарду беморию сустӣ.
Тане бояд дурусту росткирдор,
На бо решу на бо дарду на бемор.
Ки дини эзадӣ битвонад омӯхт,
Ба дониш ҷони худ битвонад афрӯхт.
Чу бар пайвастанаш - бар дил ниҳодам,
Фаровон ройҳо бар дил кушодам,
Ки чун гӯям-ш ман, то дер монад,
Ва ҳар кас дониши ӯро бидонад.
Бигӯям тозӣ, арна порсӣ нағз,
Зи ҳар дар ман бигӯям мояву мағз.
Ва пас гуфтам, замини мост Эрон,
Ки беш аз мардумонаш порсидон.
Вагар тозӣ кунам, некӯ набошад,
Ки ҳар касро аз ӯ нерӯ набошад.
Дарӣ гӯям-ш, то ҳар кас бидонад,
Ва ҳар кас бар забонаш - бар биронад.
Кунун пири хирадмандаш бихонад,
Ҳама роҳи пизишкӣ з-ӯ бидонад.
Зи рӯи дониш инро кор бандад,
Ҳаме хонад аз ӯ, ҳар чи-ш писандад.
Ва барно хонадаш мар хуррамиро,
К-аз ӯ шодон шавад ҷони ғамиро.
Чу аз пирӣ ба сӯи ӯ расад ранҷ,
Суи хеш аз пизишкӣ ёбад ӯ ганҷ.
Дигар ин номаро бо суди бисёр
Бимонад бар забон – бар рафта ҳамвор.
Суи пиру ҷавон – бар гуфта монад,
Ҳамеша бар зуфон – бар рафта монад.
Бад-он ин номаро кӯтоҳ кардам,
Ки ҳар касро суи ӯ роҳ кардам,
Ки гар бисёр будӣ, сер мондӣ,
Ки бар хондан-ш мардум дер мондӣ.
Чу аз пайвастанаш пардахта гаштам,
Ба дарҳои пизишкӣ баргузаштам.
Ман ин гуфторро анҷом додам,
Ва «Донишнома» аввал ном додам.
Ман инро гуфтам андар моҳи шаввол,
Ба шасту сесаду ҳафт омада сол.
Фаровон бо дилам андеша кардам,
Хирадмандию дониш пеша кардам.
Ки бигзинам шаҳе донову бедор,
Ки ҳаст ин хуб донишро харидор.
Набуд ин ҷуз сипаҳсолори Эрон,
К-аз ӯ обод шуд Эрони вайрон.
Бад-ӯ мар шоҳиёнро иззу ком аст,
Бибинӣ Носири давлат-ш ном аст.
Ба даҳ гуна фузунӣ бар шаҳон - бар,
Чун ӯ бояд нигаҳбон бар ҷаҳон - бар.
Нахустинаш хирад, к-ӯ ҳаст моя,
Дувум дониш, к-аз ӯ ёбанд поя.
Сеюм некӣ, чаҳорум чарбгӯӣ,
Ва панҷум дод, шашшум некхӯӣ.
Ва ҳафтум мардию ҳаштум саворӣ,
Нуҳум родӣРодӣ – саховатмандӣ, олиҳимматӣ, даҳум ҳам бурдборӣ.
Аз ин ҳар як шудаст ӯ достоне,
Миёни родмардон чун нишоне.
Аз ин ҳар даҳ ҳунар пайдо кунам ман,
Якояк хуб пас бинмоямаш ман.
Хирадмандӣ ҳамеша ҷавшани ӯ,
Бад-ӯ дорад равони равшани ӯ.
Бад-ӯ дорад ҷаҳон рӯзу шабон рост,
На чун кори рама дорад шубон рост?
Бад-ӯ аз ношунуда гашта огоҳ,
Тавонад бурд сӯи н-омада роҳ.
Бад-ӯ нодидаро чун дида бинад,
Чунон чун пеши чашми дида бинад.
Фузун бояд хирад онро, ки фармон
Ки дарди меҳтареро з-ӯст фармон.
Сипаҳбадро хирад меҳтар сипоҳ аст,
Ва беҳтар ганҷу афзунтар паноҳ аст.
Агар мард аз хирад ёбад ҳаме гоҳ,
Шаҳи мо бар ҷаҳон шояд шаҳаншоҳ.
Накӯ гуфтаст Нӯширвон ба хониш,
Ки мардумро бувад арзиш ба дониш.
Алӣ низ ин ба тозӣ боз ронад,
Ки мардумро баҳо чандон ки донад.
Касе, к-ӯро баҳо беш асту арзиш,
Ба кори дониш афзун кард барзиш[1].
Баҳои мард агар бо дониш ояд,
Куҳи заррин баҳои шоҳ бояд.
Қимати ҳар кас ба қадри илми ӯст,
Ҳамчунин гуфтаст Амирулмӯъминин.

Саҳифаи 1/2
<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
 
قصاید و غزلیات و قطعات
رباعیات
ابیات پراکنده
ابیات پراکنده از مثنوی ها

لغت های بر پایة متن این کتاب تحیه شده
لغتنامة کتاب شناسی
اشعر هم عصران رودکی
 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵