Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
هر، که ناموخت از گزشت روزگار،
نیز ناموزد ز هیچ اموزگار.
رودکی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

Шоирони ҳамасри Рӯдакӣ

 

Фи-с-суъол (дар илоҷи сурфа)

Хуфа, к-ӯ бо таби гарм андарояд,
Ва он касро басе зиштӣ намояд.
Илоҷи вай бунафша парварида,
Ба кашкоб - андарун некӯ гузида.
Таомаш боқило бояд муқашшар,
Ба дуҳни лавз, то гардад-ш беҳтар.
Ва ҳар рӯзе зи оби нори ширин,
Шакар бо ӯ табарзад нек бигзин.
Бигӯ, то як қадаҳ з-ӯ бомдодон
Биёшомад, шавад з-он дард осон.
Ба шаб муми сапеду равғани вард
Тало кун бар бару меъда ва бар дард.
Вагар беҳтар нагардад з-ин, ки гуфтем,
Нигар то ҳилаташро мо чӣ ҷустем...
Иилоҷи исҳоли шикам
Касе, к-ӯро табиат нарм бошад,
Ва он касро муҷасса гарм бошад.
Вар ӯро ба-шкам-андар дард бошад,
Барозу хилқати ӯ зард бошад.
Ҳамеша меъдаи ӯ буда сӯзон,
Ва ташна бошаду аз дард нолон.
Илоҷаш оби нор асту табошир,
Гули сурх андар ӯ ҳар рӯз шабгир.
Дигар вайро бигӯ ин соз тадбир,
Ки ҳар рӯзе хурад қурси табошир.
Ғизоро оби нору оби ғура,
Набояд хӯрдан ӯро ҳеч тарра.
Таоми вай ҳама суммок бояд,
Биринҷу шири пухта низ шояд.
Вагар дардаш набошад бар шикам - дар,
Насӯзад меъдаву на ҷои дигар,
Барозаш сурх бошад вай ҳамеша,
Худовандаш нагардад ҳеч ташна.
Гар оруғаш туруш ояд, яқин кард,
К-аш ин иллат яқин балғам чунин кард.
Таоми вай чаяндар бо сипандон,
Дигар моҳии тоза бошад-ш бирён.
Дигар аз кандару бояд гувораш,
Ки ҳар рӯзе кунад андак гузораш.
Нишони вай аз ин заъфи ҷигарро,
Маолику уруқи раҳгузарро.
Шароби пудина вайро биёмез,
Бигӯ ҷуз зин зи доруҳо бипарҳез.
Гар ӯро бар ҷигар афтод иллат,
Зи навъи дигараш фармой ҳилат.
Гар исҳолаш сапед, оруғ бошад,
На чарбу на сиёҳ оруғ бошад.
Ҳаби нори турушшу барги гулнор
Ва суммок андар ин дору раво дор.
Ва лахте карвиёву мағзи ҳарнуб
Дар ӯ кун, то шавад ин доруят хуб.

Саҳифаи 1/2
<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
 
قصاید و غزلیات و قطعات
رباعیات
ابیات پراکنده
ابیات پراکنده از مثنوی ها

لغت های بر پایة متن این کتاب تحیه شده
لغتنامة کتاب شناسی
اشعر هم عصران رودکی
 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵