Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 

Шоирони ҳамасри Рӯдакӣ

 

Илоҷи сӯхтан аз оташу обу равған

Зи оташ гар касе ҷонаш бисӯзад,
Ки вайро ҳар замон дарде фурӯзад.
Вагар равған вагар аз оби ҷӯшон
Ба ҷое барчакад, то гашт сӯзон.
Бигӯ поре рагу тар кун ба мовард,
Ба оби барф - дар барнеҳ-ш бар дард.
Дигар донӣ, ки раг бояд кушодан,
Бад-ин бояд мар ӯро роҳ додан.
Гараш з-ин худ нагардад дард камтар,
Биёмӯзам туро доруи дигар.
Сапедахоя андар равғани вард
Бизан дар ҳам, ҳамеандой бар дард.
В-агар камтар нагардад з-ин ҳамон дард,
Илоҷ аз лавни дигар боядаш кард.
Адас бояд аз он поку муқашшар,
Зи испидоҷ бо авҳам баробар.
Ба сирка гӯ ба дардаш - бар тало кун,
Рагуе тар куну бар вай ридо кун.
Вагарна мозугу б-оташ бисӯзон,
Бикӯбаш нарму б-абрешим бибезон.
Аз он бар сӯхта - бар мепарокан,
Набояд ҳеч андудан ба равған.
Вагар ин сӯхта чун реш гардад,
Ва дардаш ҳар замоне беш гардад.
Зи испидоҷу муму равғани вард
Ва лахте низ дору андар ӯ кард.
Ба ҳам бигдозу пас дар ҳоване рез,
Сапедахоя лахте з-ӯ биёмез.
Бикӯбаш, то шавад бар сони марҳам,
Бар ӯ андой, то дардаш шавад кам.
Вагар беҳтар нагардад, гӯ зи оҳак
Яке марҳам сириш берайбу бешак.
Бибояд шуст оҳакро ба ҳафт об,
Ба дуҳни вард бигдоз он баиштоб.
Ҳамеша з-ӯ ба дардаш ме барандой,
К-аз ӯ беҳтар шавад он сӯхта ҷой.

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
 








 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj