Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 

Шоирони ҳамасри Рӯдакӣ

 

Напазируфтани гуштосп божи эрон ба арҷоспро

Чу чанде баромад бар ин рӯзгор,
Хуҷаста шуд он ахтари шаҳрёр.
Ба шоҳи ҷаҳон гуфт Зардушти пир,
Ки дар дини мо ин набошад ҳужир.
Ки ту бож бидҳӣ ба солори Чин,
На андархури дини мо бошад ин.
Набошам бар ин низ ҳамдостон,
Ки шоҳони мо аз гаҳи бостон.
Ба туркон надодаст кас божу сов,
Ба Эрон набудшон ҳама тӯшу тов.
Бипазруфт Гуштосп, гуфто, ки низ
Нафармоямаш додан аз бож чиз.
Пас огоҳ шуд наррадеве аз ин,
Ҳам андар замон шуд бари шоҳи Чин.
Бад-ӯ гуфт, к-эй шаҳрёри ҷаҳон,
Ҷаҳондори яксар кеҳону меҳон.
Ба ҷой овариданд паймони ту,
Натобид сар кас зи фармони ту.
Магар пури Лӯҳросп Гуштоспшоҳ,
Ки орад ҳаме сӯи туркон сипоҳ.
Або ин ҳама дини дигар ниҳод,
Раҳи бутпарастӣ зи пас барниҳод.
Бикард ошкоро ҳама душманӣ,
Або тӯша чун кард оҳарманӣ.
Маро сад ҳазорон савор аст беш,
Ҳама гар бихоҳӣ, биёрам-т пеш.
Бад-он то шавӣ аз паси кори ӯй,
Нигар, то натарсӣ зи пайкори ӯй.
Чу Арҷосп бишнид гуфтори дев,
Фуруд омад аз гоҳи турконхидев.
Аз андӯҳи ӯ сусту бемор шуд,
Зи шоҳи ҷаҳон пур зи тимор шуд.
Пас, он гаҳ ҳама мӯбадонро бихонд,
Шунида сухан пеши эшон биронд.

Саҳифаи 1/3
<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
 








 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj