Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Рӯдакӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Шоирони ҳамасри Рӯдакӣ

 

Пайғамбарон фиристодани арҷосп Гуштоспро

Чу пардохт аз нома дастури шоҳ
Ба пеши ҳама меҳтарони сипоҳ,
Фарозаш навардиду кардаш нишон,
Бидодаш бад-он ҷодуи баднишон.
Бихонд он замон назди худ Номхост,
Дигар Бедирафш он ки худ ном хост.
Ки Гуштоспи Лӯҳроспшаҳро бигӯй,
К-аз ин сон чӣ резӣ ҳаме обрӯй?
Гар ин гуфти ман сар ба сар бишнавӣ,
Бар он пир бо дини бад нангарӣ.
Биёрӣ, бисӯзӣ варо пеши хеш,
Дигарбора тоза кунӣ кеши хеш.
Гар Оҳарман аст ӯву носозгор,
Ба дастур гӯяш варо пешам ор.
Ҳама мӯбадону радонро бихон,
Ба оини эшон биёрой хон.
Бифармой, то пеши эшон дабир
Бихонад мар ин номаи дилпазир.
Ба Зардушт гӯяд, ки инро ҷавоб,
Ба Арҷосп бинвис ҳам дар шитоб.
Биёвар ту ҳуҷҷат бар ин дини хеш,
Ки то ман кашам рӯй аз кини хеш.
Чу бурҳон бибинам, бад-ӯ бигравам,
В-агар беҳуда бошад, он нашнавам.
Ба чизе, ки гӯяд ба пешат дурӯғ,
Нигар, то нагирад дилат з-он фурӯғ.
Зи ман бишнав ин рост некӯ сухун,
Ту бар подшо подшоҳӣ макун.

Саҳифаи 1/3
<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
 
Қасоиду ғазалиёт ва қитъаот
Рубоиёт
Абёти пароканда
Абёти пароканда аз маснавиҳо

Луғатҳои бар пояи матни ин китоб таҳияшуда
Луғатномаи китобшиносӣ
Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj