Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 

Шоирони ҳамасри Рӯдакӣ

 

Куштани настур ва Исфандёр Бедирафшро

Бидодаш бад-ӯ шоҳ Беҳзодро,
Ҳамон ҷавшану хӯди пӯлодро.
Падаркушта он гаҳ миёнро бибаст,
Сияҳранг Беҳзодро барнишаст.
Хиромид то дар миёни сипоҳ,
Нишаста бар он хав ба ранги сиёҳ.
Ба пеши сафи душманон истод,
Ҳаме баркашид аз ҷигар сард бод.
Манам - гуфт - Настур-пури Зарир,
Пазира наёяд маро наррашер.
Куҷо бошад он ҷодуи Бедирафш,
Ки ӯ дорад он ковиёнӣ дирафш.
Чу посух надоданд озодро,
Барангехт шабранг Беҳзодро.
Бикушт аз тагинони лашкар басе,
Пазира наёмад мар ӯро касе.
В-аз ин сӯи дигар гав Исфандёр
Ҳамекушташон бемару бешумор.
Чу солори Чин дид Настурро,
Каёнтухмаву паҳлавон пурро,
Ба лашкар бигуфт ин кӣ шояд будан,
К-аз ин сон ҳаме найза донад задан?
Бикушт аз тагинони ман бешумор,
Магар гашт зинда Зарири савор.
Ки назди ман омад Зарир аз нахуст,
Бад-ин сон ҳаме тохт бора дуруст.
Куҷо бошад он Бедирафши гузин,
Ҳам акнун суи ман-ш хонед ҳин.
Биёмад ҳам андар замон Бедирафш,
Гирифта ба даст он дирафши бунафш.
Нишаста бар он бораи хусравӣ,
Бипӯшида он ҷавшани паҳлавӣ.
Хиромид то назди Настуршоҳ
Чароғи ҳама лашкару пури шоҳ.
Гирифта ҳамон теғи заҳробдор,
Ки афканда буд з-ӯ Зарири савор.
Бикуштанд ҳар ду ба шамшеру тир,
Сари ҷодувон турку пури Зарир.
Пас огоҳ карданд аз он корзор
Пури шоҳро - фаррух Исфандёр.

Саҳифаи 1/2
<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
 








 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj