Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
هر، که ناموخت از گزشت روزگار،
نیز ناموزد ز هیچ اموزگار.
رودکی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

Шоирони ҳамасри Рӯдакӣ

 

Бахшоиш ёфтани туркон аз Исфандёр

Чу туркон бидиданд, к-Арҷосп рафт,
Ҳамеояд аз ҳар суе теғ тафт.
Ҳама меҳтароншон пиёда шуданд,
Ба пеши гав Исфандёр омаданд.
Камонҳои туркӣ бияндохтанд,
Қабой аз баданҳо бурун охтанд.
Ба зориш гуфтанд: Агар шаҳрёр
Диҳад бандагонро ба ҷон зинҳор,
Ба дин андароему пурсиш кунем,
Ҳама озаронро парастиш кунем.
Пас озодагон ин суханро банизБаниз – ба маънии ҳаргиз истифода мешавад
Набардоштанд эч гуна ба чиз.
Заданд теғу куштанд аз эшон ҳаме,
Ҷаҳон шуд зи хуншон дурахшон ҳаме.
Чу овоз бишнид Исфандёр,
Ба ҷону ба тан додашон зинҳор.
Бад-он лашкари фаррух овоз дод
Гави пилтан шоҳи хусравнажод.
Ки эй номдорони эрониён,
Бигардед аз ин лашкари чиниён.
Кунун, к-ин сипоҳи адӯ гашт паст,
Аз ин пас зи куштан бидоред даст,
Ки бас зору хоранду бечоравор,
Диҳед ин сагонро ба ҷон зинҳор.
Бидоред даст аз гирифтан кунун,
Мабандед касро, марезед хун.
Матозеду ин куштагон маспаред,
Бигардеду он хастагон бишмаред.
Магиредашон баҳри ҷони Зарир,
Бар аспони ҷангӣ мапоед дер.
Чу лашкар шуниданд овози ӯй,
Шуданд аз бари хастагон бози ӯй.
Ба лашкаргаҳи худ фуруд омаданд,
Ба пирӯз гаштан табира заданд.
Ҳама шаб бихуфтанд аз он хуррамӣ,
Ки пирӯзгар гашт шоҳи замӣ.
Чу андаргузашт он шаби тирагун
Бар он шермардони резандахун.
Кайи номвар бо сарони сипоҳ
Биёмад ба дидори он размгоҳ.
Ҳаме гирди он куштагон – бар бигашт,
Киро дид, бигристу андаргузашт.
Бародар-шро дид кушта ба зор,
Ба овардгаҳ бар барафканда хор.
Чу ӯро чунон зору кушта бидид,
Ҳама ҷомаи хусравӣ бардарид.
Фуруд омад аз шӯлаки хубранг,
Ба риши худ - андар зада ҳар ду ҷанг.

Саҳифаи 1/2
<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
 
قصاید و غزلیات و قطعات
رباعیات
ابیات پراکنده
ابیات پراکنده از مثنوی ها

لغت های بر پایة متن این کتاب تحیه شده
لغتنامة کتاب شناسی
اشعر هم عصران رودکی
 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵