|
Рафтани Гуштосп ба Систон ва лашкар оростани Арҷосп бори дигар
Баромад басе рӯзгорон бар ӯй, Ки хусрав суи Систон кард рӯй. Ки он ҷо кунад Занду Асто раво, Кунад мӯбадонро бад-он - бар гуво. Чу он ҷо расид он гаронмоя шоҳ, Пазира шудаш паҳлавони сипоҳ. Шаҳи Нимрӯз он ки Рустам-ш ном, Савори ҷаҳондида ҳамтои Сом Або пир Дастон, ки будаш падар, Або меҳтарону гузинони дар.
Саҳифаи 1/4
|