|
АҲМАДИ МАНСУРЗикри номи Аҳмади Мансур бо ду байти ӯ дар «Тарҷумонулбалоға»-и Родуёнӣ омадааст. Бояд гуфт, ки пайвастани шахсияти Аҳмади Мансур бо касони ба исми ӯ наздик асоси муътамад пайдо накардааст. Ду байте, ки ба номи Аҳмади Мансур омадааст, ин аст:
Он ки туро банд карду банда-тро низ, Бандӣ кардаст нопадидею пинҳон. Банди ту аз оҳан асту банди ман аз ғам, Банди ту бар пою банди банда-т дар ҷон.
|