Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 


1941 - 2000


Хоки Ватан

КӮҲИСТОНӢ

Зи ҷабру зулми Искандар, зи хунхории Чингизхон,
Низои дину мазҳабҳову бедоди ҷаҳонгирон,
Аз он савдогарони шаҳр – қаллобону ҳаннотон,
Аз он дуздони моли хешу ҳам мероси аҷдодон,
Зи дасти манғиту турку араб, аз ҷаҳли барбарҳо,
Зи андозу хироҷу боҷ, аз даргоҳи бедарҳо,
Зи чоҳу кундаву занҷир, аз зиндону завлона,
Зи минбарҳои бепоя, зи маснадҳои шоҳона,
Зи дасти сарнавишти хеш – аз тақдири пешонӣ
Паноҳ овардӣ дар куҳсор, эй марди куҳистонӣ.

Зи дасти сангдилҳову зи бори сангии айём
Ба сангистон паноҳ овардию бас нолаҳо кардӣ.
Ки гӯӣ хешро аз таҳти кӯҳи ғам раҳо кардӣ.
Сари кӯҳи баланде хона кардӣ ту,
Ба ёди рӯзгори хуш ҷаҳонеро пур аз афсона кардӣ ту.
“Сари кӯҳи баланд ғавғо кунам ман,
Туро аз бӯи гул пайдо кунам ман.
Ту ки аз бӯи гул пайдо намешӣ,
Ҷавониро ба ғам савдо кунам ман”.

“Сари кӯҳи баланд най мезанам ман
Шутур гум кардаам, пай мезанам ман.
Шутур гум кардаам бо бори кошӣ,
Гуле гум кардаам, балки ту бошӣ”...
Зи шах омӯхтӣ тамкин, субот – аз кӯҳсоронаш,
Суруд – аз сабки дарёҳо, фиғон – аз обшоронаш.
Куҷое чашмае дидӣ, варо баҳри дамон хондӣ
Куҷо як пал замин дидӣ, чу дашти бекарон хондӣ.
Ту бо он сарбаландиҳо, ба он ҳимматбаландиҳо,
Ба он азми баландихоҳ, он завқи дили огоҳ,
Баландӣ кофтӣ умре, баландӣ ёфтӣ умре...
Баландӣ кофтан умре, талоши ту, низоми туст
Баландӣ дар баландӣ ёфтан ҳусни мароми туст.
Ту ҳақ дорӣ фуруд оӣ зи авҷи қуллаҳо поён,
Ту ҳақ дорӣ фуруд оӣ зи тори кӯҳҳо осон,
Валекин ҳад надорӣ ту, ба он ҳайбат, ба он хилқат
Фароӣ як қадам поён зи тори қуллаи ҳиммат!
Зи баски сарбаландиҳои куҳсорон зи номи туст,
Баландиҳои ҳар кӯҳ аз баландии мақоми туст!

[1975]

 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj