Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Она косы смоляные расплела, пугая ночь,
Лик снял ее при этом и бежала в страхе ночь.
Ибн Сино
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000


Хоки Ватан

ФАРДОИ ДУШАНБЕ

(хурдаҳои нимҷиддиву нимшӯхӣ)


Душанбе шаҳри мо, гаҳвораи мост,
Дар ин ҷо зиндагии мост дилкаш,
Бад-он шарте ҳавояш тоза бошад,
Набошад дуди ин симонзаводаш.

Бувад ҳар шаҳрро овозаю донг,
Душанбе аз чӣ овоза надорад?
Душанбе гар бувад дарвозаи Шарқ,
Чаро худ ҳеҷ дарвоза надорад?

Душанбе мешавад шаҳри ҳумоюн,
Душанбе мешавад шаҳри ҷаҳонӣ,
Ба шарте қасрҳои шарқӣ созанд
Ба ҷои ин катакҳои битонӣ.

Душанбе мешавад шаҳри гулобод,
Гулистон мешавад ҳар кӯю барзан,
Агар аз офтоби майнасӯзаш
Зи беобӣ ҳама гулҳо нахушканд.

Душанбе шаҳри беосори дерин,
Ки ҳоло хоса ойине надорад.
Саросар санг мулки тоҷикон, лек
Душанбе қасри сангине надорад.

Чу гӯяд радио “вақти Душанбе”,
Набинам бурҷи соатхонаашро.
Агарчанде ки мебинам ба сад ранг
Ҳамора вусъати паймонаашро.

Мададгорӣ кунад рӯҳи ниёгон,
Агар созем гӯристони обод.
Чу рӯҳи мурдагонро шод дорем,
Шавад садчанд рӯҳи зиндагон шод...

Заминҳои Ҳисори шодмонро
Душанбе мекунад ҳар дам мусаххар.
Агарчи то фалак “бепул заминҳост”
Наёрад, то каме боло кунад сар...

Душанбе шаҳри ором асту камшӯр,
Ки аз он ҳаст оромӣ ба рӯҳам,
Вале дар барфу борон кӯчаҳояш
Намояд дар назар тӯфони Нӯҳам...

Наҷӯям айбу нуқсонҳои дигар,
Нагирам бар Душанбе хурда бечиз,
Агар аз мутрибони ресторанҳош
Ба гӯш ояд суруди тоҷикӣ низ...

Душанбе бошгоҳи нуру файз аст,
Саодат гар диҳанд андар “Саодат”
Душанбе комбахши аҳли ком аст,
Фароғат гар диҳанд андар “Фароғат”.

Душанбе шаҳри обод аст, лекин
Дучандон мешавад обод фардо.
Чунон эъмор соземаш, ки боре
Зи дасти мо нагӯяд дод Фардо.

Душанбе мешавад обод, бешак,
Вале ҳар лаҳза бошад маътали мо.
Паи ободияш чандон бикӯшем,
Ки дар ҳар кӯча монад Ҳайкали мо...

[1986]

 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj