Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 


1941 - 2000


Хоки Ватан

БА ЯҒНОБИИ ВАТАНХАРОБ

Мулки бо моҳу ба хуршед қаринам, Яғноб,
Падару модари вайронанишинам, Яғноб.
Бар алайҳи ҳама онон, ки ғаминат карданд,
Кошки рӯи туро шод бибинам, Яғноб.

Чӣ гунаҳ доштӣ, к-ингуна харобат карданд,
Дар ғами хоки ватан хоку туробат карданд,
Дур аз чашмаи куҳ чашми ту шуд чашмаи хун,
Дур аз синаи куҳ синакабобат карданд?

Кӯчи иҷборӣ бибастӣ ба суи “ободӣ”
Баҳри озодии пуч аз ватани озодӣ.
Дил ба харсанг задӣ, ҷумла куҳистон хун шуд,
Ҷон ба каф рафтию ҷони ватан аз каф додӣ.

Ҷои сарчашмаи куҳ чашмаи заҳрат доданд,
Аз чаҳи об чаҳи дарду бало бикшоданд.
Ваъдаҳошон ҳама чун ҳавзаки борон хушкид,
Боз ҳам пеши худ аз фоҷиаи ту шоданд.

Ҷоннисорони ту гӯӣ ғами ҷонат хурданд,
Гӯӣ аз тангмаконат суи паҳно бурданд.
Нашумурданд ситамҳои раводидаи хеш,
Ҳосили обилаи дасти туро бишмурданд.

Чанд гумкардазабон қасди забонат кардаанд,
Чанд нодидаҷаҳон қасди ҷаҳонат кардаанд.
Қисмати одамӣ ҳарчанд нағунҷад ба пилон ,
Ду-се “қурбоншуда” қурбони пилонат карданд.

Лек имрӯз зи мӯрии ту мепечад дуд
Мисли оҳи ту, ки печида таҳи чархи кабуд.
Чун дар оташгаҳи ту шуълаи печон дидам,
Шод гаштам, ки фурӯзанда шуда оташи суғд...

Шод гаштам, ки зи нав зиндагӣ оғоз шавад,
Мардумат мисли сари қулла сарафроз шавад.
Шод гаштам чу ҷигарбанди саодатхоҳат,
Ки дварванди ту бар рӯи ҷаҳон боз шавад.

Гар зи бедоди замона бизанӣ ҳар дам дод,
Мешавад хонаи аҷдодият аз нав обод.
...Гӯри онон, ки чунин хонахаробат карданд,
Ҳеҷ обод мабод! Ҳеҷ обод мабод!

[1990]

 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj