Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 


1941 - 2000


Ишқнома

МАРҲАБО, ПОИ МУБОРАК!

Марҳабо, чашми ту олу, нигаҳи дӯстписанд,
Марҳабо, мӯи маҳинбофта, мижгони баланд.
Марҳабо, дасти кушоди ба сахо бемонанд,
Марҳабо, ду бари рухсораи нобӯсида!

Марҳабо, ҳалқаи пайванди ману оянда,
Аввалу охири ман дар фалаки поянда.
Марҳабо, чашмаи доруи равонбахшанда,
Айни пиндоштаи ошиқи пиндорпараст!

То набудӣ, сари дилдода ба хуршед насуд,
Шоҳиди будани ӯ ҳеҷ ягон нақш набуд,
Мӯй бишкофт, зи тақдири худ огоҳ нашуд,
Омадӣ, ошиқи ту будани худро дарёфт.

То набудӣ, дили ман косаи бешарбат буд,
Ҳасаду рашк ба ҳар ошиқи хуррам мебурд,
Гоҳ розӣ будам аз яъс ба ҷон додани худ,
Марги марг аст кунун омаданат, ёри азиз!

То набудӣ, ба назар буд ҳама нопайдо,
Буд мавҳум раҳи умр чу маъвои худо.
Омадӣ! Сохтаи дастам агар мебуд моҳ,
Ман варо сохтаме тугмаи пироҳани ту!

Омадӣ, раҳбари дилхостаам, чорагарам,
Зиндагӣ тофт ба сад ранги дигар дар назарам,
Гӯиё меҳр зи афлок биёмад ба барам,
Дур наздику ба каф хоки сиёҳам зар шуд.

Ҷони ман, то ки ба зери фалаки минуӣ
Машқи мурдан нашавад ҳолати қисматҷӯӣ,
Зиндагӣ то нашавад маҷлиси ҳасратгӯӣ,
Қатра аз баҳр наё, баҳр биё аз қатра!

Чашм дорам, ки ба ҳамроҳии ту дар имкон
Нагзарем аз лаби ҷӯ ташна чу бетадбирон,
Ҷуста сайронгаҳи ҷовид, ба ҳам болзанон,
Ду дили баста ба ҳам – ҷуфти кабӯтар бошем!

Чашм дорам, ки шавӣ ҳусни баҳори ошиқ,
Чашм дорам, ки шавӣ силсиладори ошиқ,
Чашм дорам, ки шавӣ дору надори ошиқ,
Чашм дорам зи туву ишқ худонирӯӣ!

Ман ба ту ҳеҷ гаҳе лофи муҳаббат назанам,
Ман нагӯям, ки зи гардун ба ту хуршед канам,
Баҳри ту ҳар чӣ, ки аз даст биёяд, бикунам,
Ёр, бигзор, худи зиндагӣ шоҳид бошад!

Марҳабо, воситаи хушдилу хуррам шуданам,
Марҳабо, панди сабабгори мукаррам шуданам,
Марҳабо, воситаи сӯхта Одам шуданам,
Лоиқи лоиқи ту будаму ҳастам, санамо!

1963

 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj