Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
К добру и миру тянется мудрец,
К войне и распрям тянется глупец.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000


Ишқнома

БИҲИШТИ ГУМШУДА

Маро ҷустӣ, ки ёбӣ боз он дилдодаи дерин?
Чаро беҳуда мекобӣ?
Маро дигар намеёбӣ.

Ман андар хобҳои мастӣ будам бехуду беёд,
Ман андар олами гумномӣ будам шоду сарафроз,
Миёни чордевори сукути хилвати шабҳо
Ба қавси дарди худ будам ба ёди субҳи навоғоз.

Дарамро кӯфтӣ бо панҷаи нарму ҳинобаста,
Тамоми пайкарам ларзид,
Дилам аз синаам лағжид...

Замоне буд, пешат менишастам, ту намедидӣ.
Замоне буд, пешат омада, таъзим мекардам.
Сари сабзам, дили гармам, ду чашми меҳрубонамро
Чу ганҷи зиндагониям ба ту тақдим мекардам.

Ҷавонӣ ҳамчу нақши бӯсаи лабҳои ту гум шуд,
Вале з-он бӯсаҳо дар ёд муҳри ҷовидонӣ монд.
Ҳама бахти заминӣ рафт бо нақши қадамҳоят,
Ба ман танҳо хаёли хому бахти осмонӣ монд.

Фурӯ резед, ахтарҳои хомӯши дурахшанда,
Даруни каффаи дастам!
Ки ман дасти тиҳӣ ҳастам!

Ман акнун мавҷҳои сӯзноки эҳтиросамро
Зи тангии дили тифлонаам озод хоҳам кард.
В-аз он баҳри дили якроҳу якпаймони ҳамдардон
Ҷаҳони тозае, мулки наве обод хоҳам кард.
Магӯ, к-ин мавҷҳои сӯзнок аз сӯзи ишқи туст,
Ки бе ин ҳам ғамомӯзам,
Ба қадри хеш месӯзам.

Ман акнун дар фарози қуллаҳо фарёд хоҳам кард.
Зи гулҳои шукуфони табиат ранг хоҳам ёфт.
Ман акнун аз нигоҳи раҳгузарҳо шарм хоҳам кард.
Зи роҳи рафтуои ту ҳазор оҳанг хоҳам ёфт.
Туро аммо нахоҳам дид ҳар боре кушоям чашм,

Туро аммо нахоҳам кофт,
Туро аммо нахоҳам ёфт...

Ба он хоке, ки дар он рӯяд аз дасти ту гулбоғе,
Ба он роҳе, ки дар он нақш монад аз хироми ту,
Ба он дар, ки ба рӯят боз гардад чун дили ошиқ,
Ба он сар, ки шавад қурбон ба роҳи ту, ба номи ту,

Ба он дасте, ки даври гардани ту ҳалқа хоҳад шуд,
Саломе гӯй аз ошиқ,
Саломе гӯй аз Лоиқ.

1965

 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj