Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 


1941 - 2000


Ишқнома

* * *

Ту хушбахтӣ?
Ту ҳоло дар куҷоӣ?
Шаби маҳтобу роҳи Каҳкашонро,
Шукуфазори боғи осмонро
Ту гоҳо ёд меорию гоҳе хоб мебинӣ,
Маро нодида ҳамтақдиру ҳамдил,
Шаби дидорро дар чеҳраи маҳтоб мебинӣ,
Магӯ афсӯс ҷони ман,
Магӯ афсӯс беҳуда,
Ту вақте зодаи уммеди ман будӣ.
Чу тифли бесарупое туро меҷустам аз дунё,
Туро мехостам, хуршеди ман будӣ.
Ба ёдат гирдгаштанҳои дунёро надонистам,
Нафас бигзашту ҳамчун сафҳаи тақвим кам гаштам.

Чу дар парвозҳои бехудӣ болам шикасту рехт,
Худамро ёфтам, аз роҳи худфарсоӣ баргаштам.
Туро ман ёд кардам боз,
Туро фарёд кардам боз,
Куҷоӣ ту?
Баҳори гулфишонро бо кӣ дидӣ?
Ба ёди кӣ зи саҳро лола чидӣ?
Гуле чидӣ, ҷавонӣ ёдат омад?
Зи ман, аз саргароне ёдат омад?
Ба ҳам печидану бо ҳам шукуфтан, –
Қиёми зиндагонӣ ёдат омад?
Ба рӯят чанд ожанг аст?
Сари рухсораи сурхат чӣ ранг аст?
Агар чашми худо медоштам ман,
Агар ойинаи дунёнамо медоштам ман,
Туро меёфтам аз ҳар куҷое,
Туро бори дигар ман дар дили худ зинда мекардам,
Ба ишқам банда мекардам,
Ба дилбозӣ туро “шарманда” мекардам,
Туро девона мекардам,
Туро афсона мекардам,
Туро хушбахт мекардам...
Ту хушбахтӣ?
Ту ҳоло дар куҷоӣ?

[1971]

 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj