Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Прелесть смоляных, вьющихся кудрей
От багряных роз кажется нежней.
В каждом узелке - тысяча сердец,
В каждом завитке - тысяча скорбей.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000


Ишқнома

РОЗҲО

Пардаҳои тиреза парафшон,
Чашмҳоят ба сӯи ман бозанд.
Ҳалқаи ҷашмҳои ҷодуят
В-он нигаҳҳо барои ман розанд.

Хона ором, чеҳраат ором,
Ман надонам, чӣ розҳо дорӣ.
Аз сукуту хамӯшӣ ҳосил нест,
Бар забон о, ниҳон чаро дорӣ?

Ин ҷавонӣ – таронаи ҷовид,
Лек як бор хонад онро кас.
Месароему мегузоремаш
Баҳри он, к-ӯ биёяд аз мо пас.

Зиндагонӣ насиби ҳар кас нест,
Лек бар марг ҳар кӣ дорад раҳ,
Ёварам бош, то мабод аз яъс
Ношукуфта хазон шавам ногаҳ.

Ишқи ту ё чу шуълаи мушак,
Як дурахшида пас шавад бар хок?
Ё чу хуршед шуълавар бошад,
Ҷовидонӣ ба саҳнаи офоқ?

Ё чу ҳамёни холие ҳаргиз,
Гум шавам ҳам, маро намекобӣ?
Ё лаби об ташна хоҳам буд,
Хоби худро бигуфта бар обе?..

Ё гузорӣ зи обу хокам дур,
Канда аз ҷойгаҳам – аз гулзор,
Чун ниҳоле, ки соҳибаш орад,
Баҳри бифрӯхтан сари бозор?

Ё бирезӣ чу косаи обе,
Бар қади раҳ муҳаббати покам?
Ё бихандӣ ба ҳоли ман аз кибр,
Дида чашми ҳазину ғамнокам?

Ман аёнам, зи ман маҷӯ асрор,
Ман сурудам, зи дил равам бар дил.
Содда мисли ҳақиқатам, лекин
Хору зорам ба дасти ноқобил.

Якдилу якзабону якрӯям,
Гар ту якрӯю якзабон бошӣ.
Бигзарад фасли навҷавоният,
Дар дили ман вале ҷавон бошӣ.

Пардаҳои тиреза парафшон,
Ҷашмҳоят ба сӯи ман бозанд...
Ҳалқаи чашмҳои ҷодуят
В-он нигаҳҳо барои ман розанд...

[1971]

 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj