Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Рӯдакӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000


Ишқнома

* * *

Гарчи мониқалам Рафоэлло,
Хона нокарда аз ҷаҳон бигзашт
Аз арӯсаш надида оғӯше
Бас ҷавон ӯ аз ин макон бигзашт,

Лек дар остони тӯю сур,
Интизори висоли ёраш мурд.
Ҳам арӯсаш дар интизори ӯ
Бекасу номурод ҷон биспурд.

Ҳарду ноком, лек хушкоманд.
Дар ҷилою сафои ҳар тасвир.
Ҳарду ҷовид дар нигоришҳо
Ҳамчу тасвири ишқи беохир

Ҷовидон ин – арӯс, он – домод.
Ҷовидон интизори якдигар.
Носабуранд ҳарду дар мадфан,
Носабури висоли якдигар.

Ҳамчунонем мову ту, эй ёр,
Ҳамчунонем, ёри деринам.
Ту маро ҳеҷ гаҳ нахоҳӣ ёфт.
Ҳам туро ман дигар намебинам.

Мову ту лек дар суруди ман
Гӯӣ ҳастем ҷуфти ҳамхона.
Худфиребист гарчи ин “гӯё”,
Интизорист гарчи афсона.

Мову ту дар ҷудоӣ наздикем –
Интизори висоли якдигар.
Мову ту рӯбарӯю аз ҳам дур,
Ҷовидон дилкашоли якдигар...

[1973]

 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj