Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
К добру и миру тянется мудрец,
К войне и распрям тянется глупец.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000


Ишқнома

* * *

Ошиқоне баланд мегӯянд:
“Ҷону дил сарфи нозҳои Шумо.
Ҷону дил чист? Андар ин дунё
Буду нобуди мо фидои Шумо”.

Лофи бисёр, ваъда бебаркаш,
Аз ҳавою ҳавас ҷавонмарданд.
Дар раҳи ишқ чун ғаве бинанд,
Аз раҳи аҳди хеш мегарданд!

Гушнамастанду дилтиҳӣ бархе,
Ишқро зочабозӣ медонанд,
Нимҷоневу толиби ҷонон,
Ҷонфишоневу лек беҷонанд...

Дар назар гарчи рост мегӯянд,
Лек андар замир каҷбозанд.
Борашон чун расид бар манзил,
Ёди ёрони раҳ намесозанд.

Мекашанд оҳ, мекунанд афғон,
“Бетуям зиндагист гӯристон...”
Бингарӣ боз зинда мегарданд,
Кас надонад, ки чист ин чистон...

“Чун ту ёри дигар куҷо ёбам!” –
Номаҳои баданди тӯлонӣ...
Бингарӣ хуб, ёри дигар ёфт
Ҳам варо гуфт: “Беҳтар аз ҷонӣ...”

Ростӣ, ҳар кӣ “сӯхтам” гӯяд,
Чун накӯ бингаред, бедард аст.
Ҳар кӣ фарёд мезанад “Ман-мард!”
Рӯзи майдон заифу номард аст.

Ошиқиҳои аҳди мост аҷиб –
Меҳрубонию лутф арзонист.
Ҳар қадар лофи ошиқӣ бизанем,
Дар дили мо ҷунуни Маҷнун нест.

Ишқ гарчи зи бозӣ оғозад,
Охири ӯ ҳамеша ҷонбозист.
Аз ҳама бурду бохтҳои ишқ
Ошиқ он аст, ки зи дил розист.

Ошиқему валек сад афсӯс
Дар фани ишқ ҷумла ҳайронем.
Маънии бешумор дорад ишқ,
Асли маънишро намедонем...

[1973]

 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj