Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Она косы смоляные расплела, пугая ночь,
Лик снял ее при этом и бежала в страхе ночь.
Ибн Сино
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000


Ишқнома

* * *

Чаро бояд занам лофи муҳаббат?
Чаро осон диҳам фанду фиребат?
Чаро гӯям дурӯғи ростмонанд
Ба пеши рӯю чашмони базебат?

Ту медонӣ, сарам орӣ зи савдо,
Ту медонӣ, дили ман сард гашта
Чу коне, ки расад ганҷаш ба поён,
Дили пурдарди ман бедард гашта.

Ту мегӯӣ ба ман талху киноя,
Ту механдӣ ба савдои дили ман.
Намедонӣ чи исёнҳо гузашта
Дар ин дунё зи дунёи дили ман...

Ту бо ман чанд рӯз улфат гирифтӣ,
Бигуфтӣ ҳарфҳое пора-пора.
Зи дарё як каф обе хурда, рафтӣ,
Надонистӣ, ки дар қаъраш чӣ дора(д)?

Баҳоре бо ман аз саҳро гузаштӣ,
Шикастӣ тугмаи бобунаҳоро.
Сарат бар осмон аз шавқу шодӣ,
Накардӣ фарқ худрову худоро...

Надонистӣ, ки андар синаи ман
Дили хушкидае чун хушкрӯд аст;
Ки обаш аз сари дунё гузашта,
Ки фориғ аз ғами буду набуд аст.

Маро чун раҳшиноси ишқ дидӣ,
Надонистӣ, ки аҳволам чӣ ранг аст,
Надонистӣ, ки дар майдони қисмат
Дилам шаҳри хароби баъди ҷанг аст...

[1982]

 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj