Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 


1941 - 2000


Ишқнома

НОМАИ МАНЗУМ БА ЯК ХОНУМ

Шояд ин мактуб озорат диҳад,
Хонию з-он пас маро нафрин кунӣ.
Шояд андар хилвате бар ҳоли ман
Дар дилат як хандаи ширин кунӣ.

Худ ба худ гӯӣ миёни хандаҳо
“Дӯзахӣ боғи биҳиштӣ хостаст.
Ҷои афсӯс аст, аммо чора чист
Шоири шӯрида ақлаш костаст...”

Ҳар чӣ ҳам гӯӣ, бигӯ, аммо бидон
Ошиқи босабру тамкини туам.
Бо хутути дарҳами чини ҷабин
Ойиқи гесӯи пурчини туам.

Умри дил андар ҳавасбозӣ гузашт,
Осафо, чандин замон бар об рафт,
Лаҳзае умрам гар аз ман розӣ буд,
Боқияш ноҷӯру ё дар хоб рафт.

Дар гузаргоҳи шитоби зиндагӣ
Ғайри чанд абёт аз ман ёд нест.
Ин замон ҳар гаҳ равам пеши пизишк
Дар дилам як гӯшаи обод нест.

Бо чунин дил, бо чунин ҳоли хароб
Боз ҳам мегирам аз домони ишқ.
Гарчи сад раҳ бесарусомон шудам,
Ҷуста даргоҳи сарусомони ишқ.

Ин масал бошад, ки ҳар посӯхта
Хешро бар мавҷи дарё мезанад.
Ин дили ман, ин дили савдозада
Боз ҳам худро ба савдо мезанад.

Ҳар гаҳе бинад туро ними назар,
Оламе дар ӯ тагорӯ мешавад.
Гар бубинад ним лабханди туро,
Оламе бо ӯ фарорӯ мешавад.

Гоҳ-гаҳ аз дур бинад гар туро,
Бо хаёлат мешавад наздиктар.
Бо хаёли нозуке чун мӯи ту,
Балки аз мӯи ту ҳам бориктар.

Боз ҳоли дигару фоли дигар,
Боз рӯзи дигару сӯзи дигар.
Боз печад дар ҳазорон нуктаҳо,
Нуктаҳои луғзу мармузи дигар.

Ман чӣ ҳам гӯям ба ин гапнодаро,
Ҳеҷ бо дастури ман коре набаст.
Балки бо шаш қитъаи рӯи замин
Қитъаи ҳафтум бувад ин дил, ки ҳаст?

Балки ӯро моварои ин замин
Як муҳиту як замони дигар аст?
Балки дар байни замину осмон
Худ замину осмони дигар аст.

Меравад сар дар гиребон, гиҷу гунг
Рӯзу шабҳо бар ҳарими ёди ту.
Гар кушояд як нафас чашми умед,
Мекушояд аз насими ёди ту...

Нек медонам, ки медонӣ маро,
Лек з-омоли дилам огаҳ наӣ.
Баски дар дунёи рангоранги хеш
Аз чунин ҳоли дилам огаҳ наӣ.

Бингар он ду кӯҳи урёнтеғаро,
Дар назар гӯӣ зи худ ворастаанд,
Сар ба сӯи осмон доранд, лек
Боз ҳам андар замин побастаанд.

Он ду кӯҳе гуфтаам, мову туем.
Дар мақоми хеш дигар-дигарем.
Лек гаҳ дар кӯчаҳои сабзи шаҳр
Рӯ ба рӯ оему хомуш бигзарем.

Бигзарем аз кӯчаҳои сабзи шаҳр
Ту ба роҳи хешу ман бо роҳи хеш.
Ҳар якеро қиблаи имони дил,
Ҳар якеро офтобу моҳи хеш...

Бигзарем аз кӯчаҳои сабзи шаҳр
Чашми гулҳо ҷониби мо бингаранд.
Бингарам бар чашми ту бо чашми гул,
Чашми гулҳо ростӣ ҳам шоиранд.

Чашми гулҳо – шоирони зудранҷ,
Чашми гулҳо – шоирони зудпир.
Чашми гулҳо – шоирони зудсӯз,
Чашми гулҳо – шоирони зудмир...

Эй басо ношукрӣ аз мо рафтааст,
Дода уқёнусу мехоҳем ҷӯ.
Шоирони хубро озурда, боз
Шоирони хуб дорем орзу...

Ман дилам хоҳад, ки бошад шаҳри мо
Шаҳри дурандеш, ҳам шоирпараст.
Гарчи чашмони ту бо шеъри нигоҳ
Аз тамоми шоирон шоиртар аст.

Ман дилам хоҳад, ки бошад шаҳри мо
Шаҳри ошиқ, шаҳри шеъру шоирӣ.
Шоире, то ҳусни яктои туро
Умри ҷовидон диҳад дар дафтаре.

Ман намедонам, сазои ҳусни ту
Шоире бошад миёни шоирон?
Ман намедонам, бипурс аз чашми худ,
Ман намедонам, бипурс аз ахтарон...

[1986]

 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj