Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 


1941 - 2000


Ишқнома

* * *

Ошиқат будаму ишқам дар дил
Монд чун маъдани ноёфтае.
Кокулони ту ба дастам н-омад,
Монд чун мисраи нобофтае.

Ошиқат будаму армону ҳавас
Дар ниҳонгоҳи дилам монд ки монд.
Шавқи дидори ту дар кунҷи дилам
Ҳамчу як оҳи дилам монд ки монд.

Доштам ман ҳаваси дидани ту
Лек медидаму меларзидам.
Дили ман дод ҳамезад, ки бигӯ,
Лек аз чашми ту метарсидам.

Шаб нахуспида сухан меҷустам,
Ки барои ту саҳар хоҳам гуфт,
Чашм дар чашм ба овози баланд
Бо ҳама сӯзу шарар хоҳам гуфт.

Лек чун субҳ туро медидам,
Боз он гунги забонбаста будам.
Шаб ба ёди ту дилам гул мекард,
Рӯз пажмурдаю дилхаста будам.

Бехабар аз ҳама бетобии ман,
Масти худ хандазанон мерафтӣ.
Аз қадамҳот замин миннатдор,
Хонда абёти равон мерафтӣ.

То бидидам, ки наоварда ба даст,
Ман туро кардаам аз даст раҳо.
Гарчи дер аст, аз ин содагиям,
Ёд кун, ёд кун аз баҳри худо!

Дод аз содагию беҳунарӣ,
Аз каф он ганҷи худододам рафт.
Баъд аз он бо дили мискин мондам,
Ёди бахт аз ҳама бунёдам рафт.

Ҳар чӣ ҳам буд, аз он ишқи нахуст –
Меваи нораси боғи дили ман
Ҳасрате монда, ки месозад гарм
То кунун паҳлуи доғи дили ман.

Ҳар чӣ ҳам буд, аз он шуълаи дард
Шеваи сӯхтан омӯхтаам.
Гарчи з-он баъд ҳам аз оташи ишқ
Эй басо сӯхтаам, сӯхтаам...

Ишқи ту дар дили ман чун гули барф
Ғофил аз қаҳри зимистон бидамид.
Дод пайғоми баҳор, аммо худ
Ба тамошои баҳорон нарасид...

[1986]

 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj