Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Рӯдакӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000


Ғазалиёт

* * *

Дӯстам, айём хорат кардааст,
Тундкорӣ кундкорат кардааст.

Амру фармони ду-се чавкисавор
Уштуросо зери борат кардааст.

Ҳар мадорое, ки кардӣ бо замон,
Безамонат, бемадорат кардааст.

Бас қароре, ки ту иҷро кардаӣ,
Дур аз амну қарорат кардааст.

Бобарориҳои иҷрои пилон,
Бебарори рӯзгорат кардааст.

Оташи пурдуди ҳар вазъи баланд,
Бешафоат, бешарорат кардааст.

Дар сари сарчашмаи оби зулол,
Оби заҳролуд корат кардааст.

Он ҳама тиллои батни кӯҳсор,
Ганҷбони хоксорат кардааст.

Сарфишониҳо саратро хурдааст,
Ҷоннисориҳо низорат кардааст.

[1989]

 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj