Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Когда сочтут деяния твоей души и плоти,
Ты в судный день застрянешь, как тот осел в болоте.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000


Ғазалиёт

* * *

Эҳдо ба Давлат Худоназар

Оё чӣ шуд, ки аз ҳама олам ҷудо шудем?!
Шояд аз он, ки мункири зоти худо шудем?!

“Боло” ҳар он чӣ гуфт, “бале” гуфта, оқибат
Дар кӯрзахми дарду бало мубтало шудем.

Аҳли китоб будаву восӯхта кутуб,
Бо чашми боз ҳамқадами кӯрҳо шудем.

Гаштем ҷумла босавод аз файзи инқилоб,
Лек аз саводи хештанҷӯйӣ саво шудем.

Будем муншии ҳама иншои рӯзгор,
Сар то ба пой маншаи чуну чаро шудем.

Сӯйи уфуқ давидаву сокин ба ҷойи хеш,
Бар хеш норасидаву аз худ ҷудо шудем.

Аз миллату зи уммати худ бехабар, вале
Миллат насохта, ҳама миллатгаро шудем.

Аз бун шикаста маъбаду меодгоҳи хеш,
Муҳтоҷ бар кушоиши дасти дуъо шудем.

Рӯҳониёти хешро арзон фурӯхтем,
Дар олами худогаҳӣ ағлаб гадо шудем.

Аз асли ориёии худ ор карда гоҳ,
Орӣ зи кулли манбаъи шеъру наво шудем.

Эй дӯстони ҳамдилу ҳамхуну ҳамнишон,
Чун шуд, ки дар иҳотаи куҳсор ҷо шудем?!

Эй дӯстони ҳамдаму ҳамдостони ман,
Аввал куҷоӣ будаву охир куҷо шудем?!

апрели 1990

 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj