Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Рӯдакӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000


Ғазалиёт

* * *

Ғазали шукру сипос ба зодгоҳам
Мазори Шариф ва ҳамдиёронам

Ало, эй кӯҳи Чилмеҳроб, ало, эй саҷдагоҳи ман,
Ба гардун мерасад аз фахри дидорат кулоҳи ман.

Пас аз домони модар доманат домони умрам буд,
Ту бинмудӣ миёни чорроҳа самти роҳи ман.

Чакодат соя меафканд бар рӯи ҳаёти мо –
Ҳаёти шоду обод аз виқори қиблагоҳи ман.

Хасу хорат ба домон, тубра бар дӯш аз барат рафтам,
Дигар дур аз барат тай шуд ҳама шому пагоҳи ман.

Закои мардуми деҳ буд дар анбонаи дӯшам –
Раҳоварди азим аз ҳамдеҳони хайрхоҳи ман.

Замини орзумандат замондори ҳаётам буд,
Зағора додиву додӣ ба ҷону тан рафоҳи ман.

Сари ҳар қуллаат чун барраоҳу мепаридам маст,
Шуд он айёму сӯи туст ҳоло ҳам нигоҳи ман.

Савоб омӯхт бар ман пандҳои модари пирам,
Замирам пок шуд аз сураҳои хонақоҳи ман.

Табиби дасти маҷрӯҳам падар будасту торонат,
Зуҳури шафқатат равшангари рӯзи сиёҳи ман.

Азохонии кампирон ба гӯшам мерасад то ҳол,
Ғами дунёст дар ҳар дудмони зодгоҳи ман.

Фани дунё чӣ фандам дод, аммо боз пандам дод,
Қарибӣ ё зи ман дурӣ, биёмурзӣ гуноҳи ман.

Туӣ ҳам хоки аҷдодам, туӣ ҳам хоки бунёдам,
Туӣ ҷоҳу ҷалоли ман, туӣ пушту паноҳи ман.

Лабамро бар лаби ҷӯят ниҳодам, оби ҳайвон буд,
Мазори ман, мадори ман, деҳи олампаноҳи ман.

Набудам аз ту якдам дур, гарчӣ дур ҳам будам,
Вафодори ту будам, эй гули хуршеду моҳи ман.

Ҳама пажвоки тифлиам зи ту ояд, дилам хоҳад
Яке ҳам бишнавӣ ту вопасин фарёду оҳи ман.

15.02.1992

 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj