Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Рӯдакӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000


Шеъри таърих

РОҲИ ДИЛҲО

Ба муносибати гузошта шудани
ҳайкали устод Рӯдакӣ

Кашида мил бар чашмаш, варо ронданд аз даргоҳ,
Ки то бечашм баъд аз ин набинад рӯи дунёро,
Наёбад пештар з-он зумраи бедарду бетавфиқ
Ба боли улвият биншаста роҳи мулки фардоро.

Гумон карданд роҳи ӯ зи гаҳвора-ст то тобут,
Гумон карданд чашми ӯ фақат чашм асту дигар ҳеҷ.
Гумон карданд чашми ӯ ба мисли кирмаки шабтоб
Барои хеш мерахшад,
Ба як дам мешавад нобуд.
Гумон карданд ғайри боргоҳи миру шоҳонаш
Маконе нест, маъво нест ӯро, ҳам нахоҳад буд.

Гумон карданд бо афтодани чашм аз сари шоир
Заволи безаволӣ мерасад, дар хокдони сард
Дили сӯзони шоир ҷовидон хомӯш мегардад,
Забони розҳои одамиро мӯр хоҳад х(в)ард...

Бурун шуд устод аз боргаҳ танҳо асо бар даст.
Ба чашми заррабини дил ба худ оромгаҳ меҷуст.
Ба тӯли қарнҳо, дар чор фасли гардиши торих
Ба мисли сабзаҳои навбаҳорон тозатар меруст.

Тапиданҳои моми зиндагӣ дар роҳи истиқбол,
Ҷароҳатҳову марҳамҳо, шикастанҳову бастанҳо,
Гаҳе якпоя истодан сари мӯе ба уммеде,
Гаҳе дар хонаи худ бепаногоҳе нишастанҳо...

Ҳама бар рағми майлу кинаи бегонапарварҳо
Нишони Рӯдакӣ бо риштаи тақдири худ метофт.
Зи қаъри асрҳои тира бо роҳи дили мардум
Нигаҳҳои дили устод мулки рӯҳбон мекофт.

Фақат шеъри гулоболуд дастовез меовард,
Ҳамон шеъре, ки чун африштаи нузҳат диловез аст.
Ҳамон шеъре, ки дар сабкаш дили тоҷик мерақсад,
Ҳамон шеъре, ки рамзаш зиндагии ҳасратомез аст.


Кунун ӯ ёфт ҷояшро, маҳалли ҷустуҷӯяшро.
Зи қаъри асрҳо бар шуд сутуни назми тоҷикон.
Нигар, эй дӯст, бар чашмони бечашмии ӯ аз нав,
К-аз он имрӯз Шарқи шеърпарвард аст нурафшон.

Куҷоянд он “ҷаҳондорону шоҳон?” Бенишон рафтанд.
Дар ин соат, ки он “овора” мулки ҷовидонӣ ёфт.
На онҳо, на аҷал ӯро намиронданд! Ӯ имрӯз
Чу халқаш шоҳроҳи бахту иқболу ҷавонӣ ёфт.

октябри 1964

 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj