Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 


1941 - 2000


Шеъри таърих

ТОРИХ ГУВОҲ АСТ...

Барои академик
Бобоҷон Ғафуров

Торих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ замоне
Тоҷик ба хоки дигаре аз сари кина
Бо ҳамҳамаю дамдама лашкар накашидаст.
Торих гувоҳ аст, ки дар арсаи торих
Тоҷик зи роҳи ҳасаду ҷаҳлу таассуб
Бар фарқи саре найзаю ханҷар накашидаст.

Тоҷик ҳама умр ба ҳар бозии қисмат
Бардошт биёмухта зи кӯҳи ватанаш буд.
Ҳар теша, ки бар синаи ҳар санг фурӯ рафт,
Доғи дили бекинаю захми баданаш буд,
Ҳар ҷавшани олудаи хуне, ки ба бар дошт,
Ҳам ҷавшани ҷони ватану ҳам кафанаш буд.

Торих басо дида, ки андар раҳи паймон
Тоҷик даме пеши адӯ сар нафикандаст.
Ҷон канда басо, лек
З-ояндаи пирӯзи худ уммед накандаст.

Мурданд басо маслаку ойину худоён,
Маҳкум бимурданд басо ҳукмравоён,
Мурданд забонбаста басо уқдакушоён,
Бар рағми ҳама ҳилаю тазвиру тааддӣ
Аз оташи суғдон
Як шуъла фақат монд фурӯзон,
Як шуъла, ки дар чашму дили халқ ҳамесӯхт,
Як шуъла, ки бар халқ чи сон сӯхтан омӯхт.

Ҳар наъл, ки бархурд ба ҳар санги куҳистон,
Ҳар наъл, ки бар санг заду шуъла бирӯёнд,
Ҳар шуъла, ки аз теғи бароҳехта меҷаст
Дар партави хуршед сари дасти далерон,
Омӯхт ба мардум ҳунари шуълавариро,
Бо хасм ситезидану пирӯзгариро...

Ҳар шуълаи сӯзандаи уммеди дили халқ –
Он шуъла, ки дар ҳар маҳали тираи торих
Гаҳ-гоҳ ҳамесӯхт;
Он шуъла, ки андар дили ҳар санг ниҳон буд,
Он шуъла, ки дар дидаи ҳар фард аён буд,
Дар чашми Хирад ҷамъ шуду тоза барафрӯхт.

Гӯё ки ҳама шуълаи сӯзони парешон
Аз қаъри замонҳо
Дар чашми Хирад ҷамъ шуду гашт фурӯзон.
Дар чашми Хирад оташи исёни ҳама халқ,
Ошӯби дили шуълавару хашми хурӯшон
Ҷамъ омаду гардид чунон машъали тобон,
К-аз партави он чор суи тираи торих
Равшан шуду чашми дигаре ёфт ҳама халқ,
Бар хеш назар кардаву бишнохт х(в)адашро,
Феҳристи ҳама бешу каму неку бадашро.
Бингашт ба ойинаи қасду талаби худ,
Бар чеҳраи худ, зоти худ, аслу насаби худ...
Бо чашми Хирад бингарӣ аз қуллаи имрӯз
Ҳар гоҳ ба печухами торихи ниёгон
Бинӣ ба чӣ эъҷоз
Тоҷик ба мулки дигарон роҳ кушодаст,
Чи дур, чи наздик
Сад раҳ ба дили мардуми огоҳ кушодаст.

Алҳақ ҳама медонаду торих гувоҳ аст
Тоҷик ҳама умр
Дар Мағрибу Машриқ
Кардаст мусаххар чи бас иқлиму мамолик..
Аммо на ба шамшеру камону сафи лашкар!
Бо санъату бо фитрату бо ақли мунаввар,
Бо ҳиммату бо ҳикмату бо шеъру тарона,
Бо рӯҳи ҷавононаю пирӯзгарона...

[1973]

 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj