Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Ты украшаешь мир, ты - солнце и луна,
А в солнце лишь краса твоя отражена!
Виденье дивных уст в душе не утаить -
Оно и в блестках брызг искристого вина.
Надира
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000


Модарнома

* * *

Фаввора мезанад хун аз дидагони модар,
Эй вои ҷони модар, эй вои ҷони модар.

Баҳри нажоди миллат, баҳри наҷоти миллат
Беному бенишон шуд ному нишони модар.

Рӯи замин чҳ дорад, рӯи ҷаҳон чҳ дорад?
Дар зери хок хуфта ҷону ҷаҳони модар.

Гардун фурӯ фитода чун боми гӯр бар сар,
Гӯр аст рубъи маскун бар ормони модар.

Кӯр аст курраи арз, доҷи дилаш набинад,
Гӯши фалак надорад тоби фиҷони модар.

Тиру камон фузун шуд, чандин ҷавон нагун шуд,
Тире нахурд раҳми Қадди камони модар.

Чун тир кард шиллик, пур рехт хуни тоҷик,
Наҷме намонд рахшон дар осмони модар.

Даст аз ҷаҳон бишуста, дар кунҷи ҷам нишаста,
Мурҷе намесарояд дар ошёни модар.

Дигар зи худ наболад, бар шаш ҷиҳат бинолад
Ку посдори модар? Ку посбони модар?

Шояд ки зинда гардад тифли ҷаҳоннадидаш,
То рӯзи ҳашр нолад рӯҳи навони модар.

Танҳост зери гардун, афсурдаю ҷигархун,
Ҳайфи замини модар, ҳайфи замони модар!

феврали 1993

 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj