Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 


1941 - 2000


Модарнома

МОДАР

Бӯи ҷону бӯи нону бӯи пистон,
Бӯи гулҳои баҳори баччагӣ,
Бӯи шири гарми навдӯшида меояд зи дастони ту, модар.
Дар рухат ожангҳо чун сатри шеъри зиндагӣ,
Офарин хонанд бар азму ба имони ту, модар.

Пир гаштӣ, шуълаи ҳуснат парид,
Офтоби зиндагият бар сари кӯҳе расид.
Панҷаҳои нарму печони ту ногиро шуданд,
Чашмҳои барқафшони ту нобино шуданд.
Мӯйҳоят ранги хокистар шуданд,
Пойҳоят аз сафар шалпар шуданд,
На,
Макун бо зиндагонӣ хайрбод,
Оҳ модар!
Оҳ модар!

Гул буду гулдастабандӣ айб буд
Дар замони навҷавониҳои ту.
Лек акнун зиндагӣ ранге гирифт
Аз талошу ҷонфишониҳои ту.

Кӯдакони хору зорат чун кабӯтарҳои ром
Аз сари дастат ба дуриҳо париданд.
Ҳар куҷое, ки ту дар дунё надидӣ,
Рафта бо чашми ту диданд.

Омаданд онҳо туро пазмон шуда,
Боз бар он лонаи эъҷозкор.
Мебароӣ пешвоз аз кулбаат,
Рехта аз шодӣ ашки шашқатор.

Баъди роҳи дур чун хобанд шабҳо,
Менишинӣ бар сари болинашон.
То бубинӣ дар ҷабину дар сару рӯҳояшон
Аз сафар, аз роҳҳо ному нишон.

Ногаҳон бинӣ ту як мӯи сафед,
Бар сари фарзанд тобад ними шаб.
Оҳ гӯӣ дар дили шаб бо алам,
“Ин қадар новақт?” – гӯӣ зери лаб.

Зиндагӣ, модар, ҳамин аст...
Мисли ту мо ҳам пурармон мешавем,
Мисли ту мо ҳам ба пирӣ мерасем,
Чун расад навбат, зи дунё меравем.

Ту фақат ҷовид хоҳӣ монд, модар,
Ту фақат ҷовид хоҳӣ монд дар дунёи зебо,
Ту фақат бо ёди фарзандони раҳдур,
Мешуморӣ бо ғаму талвоса рӯзу моҳҳоро.

Аз миёни шӯру ғавғои ҷаҳони баччагӣ
Аллагӯиҳои ту ояд ба гӯши ман ҳанӯз,
Лек акнун он садо талқин намесозад ба хоб,
Балки аз хоби гарон даъват намояд сӯи рӯз...

Бо васият, бо дуою орзуҳои муқаддас
Боз ҳам омӯзгорӣ кун маро.
Ҳар кӣ раҳ гардад ба рӯи хок, пояш гард дорад,
Боз ҳам омурзгорӣ кун маро!

1.05.1966 – Новороссийск

 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj