Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 


1941 - 2000


Модарнома

ТУ ОЗОДӢ МАГАР, ЭЙ ЗАН?

Ту озодӣ магар, эй зан?
Зи худ шодӣ магар, эй зан?
Туро озод кард Уктабр
Зи банди ҷаҳлу зулму ҷабр,
Вале аз зулм вораста,
Шудӣ озоди вобаста.

Асири осмонӣ ту.
Асири бадсиголиҳои пайдову ниҳонӣ ту.
Асири туҳмату буҳтон,
Асири ҳирси номардон,
Асири таъну зуъму рашки худхоҳону худкомон,
Асири ҳукми шавҳарҳо,
Асири хонаву дарҳо,
Асири нафси бедардону болинҳову бистарҳо,
Асири дину имону худоҳову паямбарҳо,
Асири расму одатҳо,
Асири фарзу суннатҳо,
Асири қолаби ахлоқу найрангу ҷаҳолатҳо,
Асири хонабандӣ ту,
Асири макру фандӣ ту,
Асири фахру нози мардҳои худписандӣ ту.

Туӣ якумр обастан,
Туӣ озоди побаста.
Туӣ обастани “фардо”
Вале “фардо”-и ту имрӯз мемирад,
Надида рӯз мемирад.
Ту чун ҳар сол шаш милён кунӣ исқот,
Чӣ сон афзоядат авлод?
Агарчи зодагони ту барои рӯзгори саъду бобарганд,
Вале, афсӯс, ағлаб туъмаи марганд...

Пилони кори ту ҳар рӯз афзояд,
Чӣ сон заҳдони ту “фахри замон” зояд,
Чӣ гуна қаҳрамон зояд?
Нишони қаҳрамонмодар ба рӯи сина дорӣ ту,
Ҷаҳони қаҳрамонмодар надорӣ ту!

Миёни раддаи бадбӯи танбоку
Зи худ мепурсӣ “фардо” ту?
Чу мемиранд фарзандони масмумат,
Чу мемиранд дар заҳдони ту тифлони маъсумат.
Миёни пунбазорон
Ба дӯшат тубра мегардӣ ба сони хонабардӯшон.
Вале дарди миёнатро
Куҷо ҳис мекунанд он пунбадаргӯшон?

Чӣ дунёе, намедонам,
Ки аввал обҳои софро бар пунбаҳо бидҳанд,
Сипас бошад насиби ту пасоби заҳролуда.
Валекин боз бешармона мегӯянд:
Ҳалолат бод, эй озодаи даврон, ба комат қанд...

Миёни ҷӯяи пунба,
Ки ҳатто шери нарро мекунад ахта,
Нафасгардонӣ аз “дору”
Дилат меларзад аз сакта.
Зи “тиллои сафед” эй бас шуда бахтат сиёҳ, афсӯс,
Зи “тиллои сафед”-ат нест як пироҳани олампаноҳ, афсӯс.

Дар айёме, ки бояд худкушоӣ кард,
Ту гоҳо худкушӣ ҳам мекунӣ, дардо!
Дар он аҳде, ки бояд даъвии модархудоӣ кард,
Ту бунёди ҷаҳонро меканӣ, дардо!
Дар он давре, ки оинаш худафрӯзист,
Худафрӯзит худсӯзист.

Гуноҳи мост, медонам,
Гуноҳи чанд имрӯзигарони кӯри бефардост, медонам,
Ки ҳукмаш гӯӣ ҳукми давлати Шӯрост, медонам,
Ки аз баҳри пилон пур карданат он қадр бахшиданд озодӣ,
Ки ту дар ҷои тифлон “тифли иҷрои пилон” зодӣ.
Нагуфтандат, ки бар ҷои пилони пунба Инсон зой,
Нагуфтандат, ки Дунё зой, Кайҳон зой!

Ту бояд роҳи миллат бошӣ, афсӯс,
Чи гӯям, оҳи миллат ҳастӣ имрӯз.
Ту бояд марди миллат бошӣ, афсӯс,
Чи гӯям, дарди миллат ҳастӣ, имрӯз.

Вале ман, зодаи ту, хуб медонам,
Ки бо бадбахтият бисёр ҷонсахтӣ.
Ҳамеша чашмаи нурӣ,
Ҳамеша маншаи бахтӣ.

Ту улёҳазратӣ, эй зан,
Ниҳоди давлатӣ, эй зан.
Туӣ фарру ҷалоли умр,
Худои қисматӣ, эй зан.

Туӣ сарманшаи хилқат,
Туӣ сатват, туӣ нузҳат.
Шавӣ озод то аз нав,
Ҷаҳонро бояд аз нав кард!

Бибояд инқилобе боз
Дар фикру шуури мо.
Бибояд инқилобе боз
Дар мазмуни умри мо.
Бибояд инқилобе боз
Андар ишқи кӯри мо!

Ба ин зудӣ
Туро озод бояд кард аз ин турфа озодӣ –
Зи меҳнатҳои озодӣ,
Зи миннатҳои озодӣ!

[1988]

 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj