Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
هر، که ناموخت از گزشت روزگار،
نیز ناموزد ز هیچ اموزگار.
رودکی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

پیکرة لایق شیر علی
1941 - 2000


Ман намемирам

РУҶӮИ ДОСТОНЕ, КИ ҲАРГИЗ НАМЕТАВОНАМ НАВИШТ

Ҳар саҳар ман бор мебандам ба аспи раҳсипори офтоб,
Корвонам бори дилҳо мекашад – аз уфқ то уфқи дигар.
Ҳар саҳар аз нав таваллуд мешавам аз модари шаб,
Рӯй мешӯям ба нури обшори офтоб.

Ҳар саҳар то меҳр варзам бо арӯси рӯзи нав,
То ба дарёи равони одамӣ якҷо шавам,
Худ ба худ андеша месозам: ман охир кистам?
Аз куҷоям? То куҷоям?
Дар ҷаҳони пуртакопӯ аз барои чистам?

Ман ҷавонам, лек ҳастам аз “Авасто” пиртар,
Ман ба гирди оташи суғдон басо рақсидаам.
То шавам меъмори хоку ҳамҷавори офтоб,
То кашам бори замину дӯшбори офтоб,
Умрҳову асрҳо бар гирди худ гардидаам.

Бо гуноҳи бегуноҳӣ борҳо қурбон шудам,
Бо “вуболи” ҷонфишонӣ борҳо беҷон шудам,
Гоҳ қурбони худо, гаҳ ғозии Қуръон шудам,
Гаҳ ғуломи Темуру гаҳ абди Чингизхон шудам,
Гоҳ Фирдавсию гоҳо Рустами дастон шудам.

Мешиносам хонаи бобои суғдамро ҳанӯз
Ҳамчу ганҷе дар қабатҳои замини бурдбор,
Мешиносам хонаи худро, ки ворун гашта дар Афросиёб,
Мешиносам ман сари худро қатори он қадар сарҳои саркаш,
Дар қатори хиштҳои сарманору қасри Темур.
Мешиносам хуни худро, ӯ мисоли ҷӯи об
Ҷорӣ мегардад ба дарёҳои хуни асри Темур.

Ман ҷавонам,
Ман ҷавонии замини Тоҷиконам,
Бори тақдири варо аз бостон то ҷовидон,
Ман ба дӯшам мекашонам.

Тоҷикистон – сарзамини камзамини кӯҳсор,
То зи файзи дулкушодиҳои фарзандони худ
Боз паҳновар шавад,
То зи ҳусни духтарони бениқобаш,
Боз зеботар шавад,
Ман ба роҳи инқилоб афтодаам,
Дар замин аз Офтоб афтодаам.

То Бухорои шариф аз зодгоҳи инқилоб –
Аз Петербург Аҳмади Дониш насими асри нав овардаст.
Корвони маърифатро сорбонӣ кардааст,
З-иҷтимоъе мардумонро тарҷумонӣ кардааст.

Ман зи оби рӯю оби чашми бобоёни худ дарёдилам,
Ман чу рӯдам, шодию ғам – соҳилам.

Пайраҳи ман ҳамчу шогирде, ки таъзим оварад бар устод,
Сар ба пои шоҳраҳ бинҳодааст.
Ҳамчу тифле, ки бидорад аз бари домони модар,
Аз бари домони шаҳраҳ дошта, дар пои ӯ афтодааст.

Дар ду чашмам нодамида субҳҳост,
Дар насибам носипарда роҳҳост.
Дар дилам сад ишқи новарзида аст,
Дар раҳам сад дидаи раҳдида аст.
Дар сурудам накҳати гулбодҳост,
Дар ниҳодам қудрати бунёдҳост.
Ман ба дӯши ин замину ин замин бар дӯши ман,
Ман дар оғӯши ҷаҳону ӯст дар оғӯши ман.

Чатри гардун – чодари ман,
Ҳар ситора – хоҳари ман,
Рӯди Ҷайҳун – хотири ман,
Кӯҳҳои Тоҷикистон – ҳайкали ман.

Шарқзодам, аз табори офтоб,
Дар заминам дастёри офтоб.
Ҳар саҳар ошиқ таваллуд мешавад ман бар ҷамоли рӯзгор...

Чандрӯза соҳиби обу заминам,
Ҷонфидои ҳар тақозои замонам.
Ҳар саҳар аз нав таваллуд мешавам бар эҳтиёҷи зиндагӣ,
Дида дар оина худро шукр мегӯям, ки ҳоло ҳам ҷавонам!
Лек як рӯзе ва ё шоме дар охир мурда мезояд маро,
То бисанҷад, чист бар дунёи фардоӣ нишонам.

... Баъди ман дар мулки кӯҳистони ман
Боғҳо месабзад аз армони ман,
Чашмаҳо меҷӯшад аз чашмони ман!

[1968]

 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵