Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.
Ахлоқи Мӯҳсинӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000


Ман намемирам

МАН ҶАВОНАМ...

Ман давоми рӯзгори рафтагонам,
Ман нишони одамони бенишонам.
Ман ба ҳар як аскари аз ёдрафта
Ёдгори бегазанди ҷовидонам.
Ман ҷавонам, ман ҷавонам, ман ҷавонам!

Рӯҳбахши ҷумлаи маҷрӯҳҳо,
Ман ба ҳар гумном орам номи нав.
Ман ба ҳар як модари чашминтизор,
Орам аз фарзанди ӯ пайғоми нав.

Мурдаҳо бо орзуҳои дигар,
Зинда мегарданд дар симои ман.
Рӯзи ҷашну сур, рӯзи тантана,
Медиҳанд овоз дар овои ман.

Ишқи новарзидаи ҳар ноумед,
Дар барори ишқи ман ёбад барор.
Номаи нанвиштаи ҳар номурод,
Бо суруди ман расад бар дасти ёр.

Баҳри ҳар гумроҳ ман пайроҳаям,
Пайраҳи дилёбиву номусу ном.
Кош умрам ҳамчу байте зам шавад,
Дар давоми шеърҳои нотамом...

Бо умеду эътимод аҷдоди ман,
(Он даме, к-аз даҳр реҳлат кардаанд)
Ин Ватан, ин осмону ин замин
Ҷумла баҳри ман васият кардаанд.

Ман давоми рӯзгори рафтагонам,
Посдори хотири қурбониёнам,
Хома андар даст бар ҷои камон
Посбони зиндагонию замонам,
Ман ҷавонам, ман ҷавонам, ман ҷавонам!

[1968]

 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj