Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 


1941 - 2000


Ман намемирам

ҒАЗАЛЕ БАРОИ ХУД

Мешавам ҳар рӯз дигар, ҳар нафас кам мешавам,
Ҳар қадар худро биҷӯям, он қадар гум мешавам.
Гоҳ мисли сабза мерӯям барои Офтоб,
Гоҳ пинҳон шедвор аз чашми мардум мешавам.

Мекунам шукронаи дунёю хуршеду замин,
Мисли фарзанде, ки орад ҳадяҳо бар модараш.
Мекунам шукронаи қисмат, ки ҳоло зиндаам,
Зиндаам дар гардиши айёму чархи чанбараш.

Дар дилам чархи куҳан аз нав ҷавонӣ мекунад,
Бар сари ман сад баҳорон гулфишонӣ мекунад.
Косаи чашмам пур аз дидорҳост,
Зиндагӣ дар синаи ман зиндагонӣ мекунад.

Лек,
Гарчи аз дили ман рӯдҳо ҷорӣ шуданд,
Гарчи аз ман даштҳои ташна гулзоре шуданд,
Гарчи чашмам лонагоҳи офтобу моҳ буд,
Аз сиришки пешвозу хайрбод огоҳ буд,
Гарчи ман дар синаам ошӯбҳои ошиқӣ варзидаам,
Аз ду чашми духтарони гулназар бӯсидаам;
Боз мисли кӯдаке, ки нав ба дунё омадаст,
Сахт медорам зи домони Замин,
То ба ман дар гардиши худ ёд орад
Ҷунбиши гаҳвораамро,
То ба ман андар сукути хеш бинмояд
Хуфтгоҳи модари бечораамро!
Дар ҷаҳони гирдгардон чун сари инсон,
Дар замини некубадпарвар
Бо дили исёнгару зебопарастам,
Бо ҳама мушкилкушоӣ,
Бо ҳама нирую фарҳанги худоӣ,
Боз ҳам кӯтоҳдастам.
Дар ҷаҳони ниматору нимаравшан
Ҳар қадар бадбахт бошам, он қадар хушбахт ҳастам.

[1971]

 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj