Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Всевышний спас меня от горя, четыре качества мне дав:
Прославленное имя, разум, здоровье и хороший нрав.
Любой, кому даны всевышним четыре качества такие,
Пройдет свой долгий путь без горя, людских печалей не узнав.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000


Ман намемирам

ЭҲТИЁҶ

Дар ниҳоди ҳар сағиру ҳар кабир
Дар бисоти ҳар касе равшанзамир,
Дар дили ҳар аҳли дил, ҳар аҳли дард,
Дар талоши ҷони ҳар барнову пир
Шоире ногоҳ мемирад, дареғ,
Раҳраве дар роҳ мемирад, дареғ.

Дар хурӯҷи шавқҳои ҳар ҷавон,
Дар сукути роздори ошиқон,
Дар ҳаёи духтарони наврасид,
Дар хаёли норасои кӯдакон
Шоире ногоҳ пайдо мешавад,
Шеър ногуфта, зи дунё меравад.

Ҳар гаҳе, ки шӯру туғёнҳои дил,
Мешавад саркӯб аз савдои дил;
Ҳар гаҳе, к-аз сактаҳои зиндагӣ
Сактаи дил монад андар ҷои дил,
Шоире дар сина мемирад, дареғ,
Бо ғами дерина мемирад, дареғ.

Ҳар гаҳе, ки марди беандешае,
Мезанад бар решаи худ тешае,
Дар ҷаҳони танги эҳсосоти худ
Мезанад раҳгум чунон дар бешае
Шоире мирад зи бедардии ӯ,
Рӯсияҳ аз ноҷавонмардии ӯ.

Ҳар куҷое адл беёвар шавад,
Тифли оташ мушти хокистар шавад,
Ҳар куҷое нахли навбар решакан,
Хангбеде нахли боровар шавад,
Шоире мемирад аз бедодҳо,
Бо ҳазорон шевану фарёдҳо.

Инчунин ҳар рӯз дар рӯи ҷаҳон
Аз шикасту нобарориҳои он
Шоире дар ҳар касе, дар ҳар диле,
Шоире дар ҳар раҳе, ҳар манзиле
Ногаҳон мемирад аз худ бехабар,
Шоире беёдгору беасар.


Шоире мемирад, аммо
Шоире як рӯз меояд ба дунё.
Шоири соҳибқироне.
Шоири комилзабоне,
То ҳама он шеърҳову шоирии мурдаро
Зинда созад дар суруди хештан.
То ҳама он шоирони як сухан ногуфтаро
Зинда созад дар вуҷуди хештан
Гар набудӣ эҳтиёҷи зиндагон
Ё ниёзи мурдагон,
Гар ба гирдишгоҳҳои рӯҳу авзои замон
Ё тапишгаҳҳои эҳсосоти халқ,
Ҳоҷате бар шоири соҳибназар пайдо нашуд,
Шоире н-ояд ба дунё ҳеҷ гаҳ аз пеши худ...

[1975]

 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj