Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Рӯдакӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000


Ман намемирам

ИЛТИҶО АЗ ДИЛСОЗОН

Илтиҷо мекунам, эй дилсозон,
Шавад афсурда дили шоир агар,
Дили афсурдаю пурдарди варо
Ба дили сунъӣ масозед бадал.

Бас дар ӯ дарду ғами кулли ҷаҳон,
Бас дар ӯ бешу ками халқон аст.
Баски дар набзи таболудаи ӯ
Буду нобуди ҳама даврон аст.

Гар бадал шуд дили шоир, гӯед,
Он ҳама андуҳи ширинаш ку?
Захми носури муҳаббат чун шуд?
Доғҳо ку? Ғами деринаш ку?

Шеъри ногуфтаи ӯ чун нутфа
Дар дили хастаю ғамнокаш буд.
Арбада бо ҳама дунё мекард,
Розҳо бо ҳама афлокаш буд.

Шеъри ногуфтаи ӯ монд куҷо?
Ку дили з-оташи худ сӯхтааш?
Ку ҳама шӯриши эҳсоси расо?
Ку дили ишқ бадомӯхтааш?

Раҳмате! Ҷои дили афсурда
Гар гузоред дили сохтааш
Он ҳама дарди куҳанро оред
Аз дили сӯхтаву бохтааш.

На! Ҳама одами дилафсурда
Битавонад дили нав бипзирад,
Лек шоир ба дили сохтае
Натавонад, ки чу шоир мирад!

Ҳеҷ шоир натавонад зинҳор
Бо дили сохта эҳсос кунад!
Бо дили сохтаву шеъри заъиф
Ҳурмати шеър чӣ сон пос кунад?!

Аз дили сохтаву бедардаш
Бӯи дил н-ояду бӯи ғами дил.
Ку ҳама шӯру ҷунуну мастӣ?
Ку ҳама таппиши бешу ками дил?

Илтиҷо мекунам, эй дилсозон,
Ҳама дилро бинамоед бадал!
Лек чун навбати шоир бирасад
Захми ӯро марасонед халал!

Дили ӯ дил набуд охир, эй вой!
Дили ӯ кӯраи пуроташ буд.
Барқҷавлон буд агар эҳсосаш,
Барқгардон сифати зоташ буд!

Дили ӯ дастгаҳи куҳна набуд
Ки бадал сохтан осон бошад.
Дили ӯро, ки ҳамонанде нест,
Муддао шӯришу исён бошад.

Дарди ӯ мояи шодии вай аст,
Ки бувад асли танободии ӯ.
Дарди ӯ дарди беҳ аз дармон аст,
Ки бувад маншаи озодии ӯ.

Шоир он аст, ки то зинда бувад
Қасди ёрон зи ҷаҳон баргирад.
Омада шоиру шоир гузарад,
Бо ғаму андуҳи дунё мирад!..

[1975]

 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj