Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
بی عظم دروست و سعی کامل،
کسرا نشود مراد حاسیل.
سعدی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

پیکرة لایق شیر علی
1941 - 2000


Ман намемирам

* * *

Чун дарахтон дӯст дорам ман заминро,
Ҳамчу пирон дӯст дорам зиндагониву замонро.

Чун гули вартоҷ дорам дӯст
Офтобу нури онро,
То пазад дар гармии ӯ ишқи хомам.
Дӯст дорам бодарову ҷомро,
То бимонад ҷоми саршоре зи номам.

Ҳар ғурубе чун кунам падруд бо рӯзи куҳан,
Шаб, ҳама шаб субҳи навро интизорӣ мекашам
Ҳамчу зиндонӣ, ки бошад чашмдори рӯзи озодии хеш,
Ҳамчу бадбахте, ки бошад чашмдори хонаободии хеш.

Мисли мурғон мешиносам ман фазоро,
Хокро монанди деҳқон мешиносам.
Мешиносам обро чун ташнакомон,
Меваро чун боғбонон мешиносам.

Ёд дорам модаре мемурду фарзандони худро панд мегуфт.
То ҳамеша аҳл бошанд,
Қадри неъматҳои давронро бидонанд.
Қадри меҳнатҳои давронро бидонанд.
Гарчи аз шири сафедаш
Кӯдаконаш ҷумла парвозӣ шуданд,
Дар нафасҳои пасин,
Дар назъи ҷон мегуфт: об!
Охирин як қатра об!
Он қадар ашке фишонд,
Он қадар хунҳо бирехт,
Он қадар дил об кард,
То дилашро косаи зардоб кард
Дар баҳои охирин як қатра об.

Дӯст дорам обро
Ҳамчу он модар, ки бо овози ларзон
Бо лабони хушк андар назъи ҷон мегуфт: Об!

Зиндагонӣ бо ҳама талхию шӯрӣ,
Бо ҳама шодию андӯҳи гуворояш азизу бебаҳост.
Баҳри ман чун дилбаре, ки бо ҳама андоми зебош
Боз айбе дораду ҷурму гуноҳе, дилрабост.

Зумрае соҳилнишинон қадри дарёро намедонанд.
Як гурӯҳи навҷавонон қадри дунёро намедонанд,
Дӯст дорам ман заминро чун дарахтон,
Дӯст дорам зиндагиро ҳамчу пирон...

[1982]

 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵