Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
بی عظم دروست و سعی کامل،
کسرا نشود مراد حاسیل.
سعدی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

پیکرة لایق شیر علی
1941 - 2000


Ман намемирам

УЗРИ ЛАНГ...

Туро ман мешиносам, тухми носабзидаи деҳқон,
Ки мемонӣ ба шеъри носуруда,
Ё насиби норабуда,
Ё умеду орзуи монда дар дил,
Аз талоши зиндагонӣ монда ғофил...

Туро ман мешиносам, хӯшаи помолгардида,
Ба монанди ҳавасҳои ҷавонӣ,
Ба сони ишқи новарзида
Дар як кунҷи дил монда чу ганҷи бостонӣ.

Шуморо мешиносам, чашмаҳое, ки ба дарёҳо наёмезед,
Ба тӯфонҳо напардозед,
Ба соҳилҳо набистезед.

Шуморо мешиносам, рӯдҳои масти тӯфонҷӯш,
Шуморо ром карданду миёни соҳили маснӯъи қолабсон
Басо беҷӯшу бешӯру забонбаста равон ҳастед.
Чу шери баста дар занҷир,
Марас бар гардану феъли табиатзоди худро бурдаед аз ёд.

Шумо, эй рӯдҳои нурзоянда,
Ки месозед равшан роҳҳои дури оянда!
Ҳаметарсам, ки рӯзе соҳибонтон
баҳри шамъе зор хоҳад шуд,
Сари сарчашма охир ташна хоҳад мурд,
Аз ин сарчашмадорӣ худ чӣ хоҳад бурд?

Шумо – дастихуши ин зӯрдастонед,
Ки аз афсунашон гум мешавад афсонаи ҳастӣ.

Шумо – маҳруми асли худ,
Шумо – афгонаи ҳастӣ!

Шуморо мешиносам, сангҳои зери по монда,
Зи асли худ ҷудо монда!

Агар дасти ҳунарманде шуморо метарошид,
Ба рагҳотон равону рӯҳ мебахшид,
Бузургони ҷаҳони мозию имрӯзро бас буд,
Ки аз як пораи беҷонатон ҷони абад ёбанд...

Шуморо мешиносам ҷумла гулҳое, ки хушбӯеду беҳамто,
Ва чун дӯшизаи зебо
Ва ё мисли ҷавони қобилу доно
Шуморо мекананд аз шох ё аз бех бепарво,
Валекин чун гули беор мерӯянд ноинсофу нокасҳо...

Шумо, эй барраҳои ҷаъдмӯ,
Зебо чароед?
Ба монанди гули хушбӯ,
Шуморо мекушанд охир!
Шуморо ҷаъдмӯӣ мекушад ё нафси инсонҳо?
Шумо арзандаи онед,
Ки зебоӣ шавад қурбони зебоӣ,
Вагарна чист зебоиву доноиву яктоӣ?

Ҷавонмаргон!
Агарчи талхияшро як дили ҳассоси шоир мекунад эҳсос,
Валекин зиндагонии шумо як лаҳзаи бисёр ширин аст
Ва гарчанде ки дида ё надида ин ҷаҳонро, зуд мемиред
Ҷавонмаргӣ дар ин дунёи аблақ расми дерин аст...

Ҷавонмаргон!
Агарчанде наояд заррае имдод аз дастам,
Шуморо мешиносам хубу ҳамдарди шумо ҳастам!

[1987]

 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵