Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
بی عظم دروست و سعی کامل،
کسرا نشود مراد حاسیل.
سعدی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

پیکرة لایق شیر علی
1941 - 2000


Ман намемирам

ХОНАИ ШОИР

“Ҳамчунин ба ...(номҳои зиёде) шоир
Лоиқ Шералӣ ғайриқонунӣ хона додаанд...”
Маҷаллаи “Огонёк” 14, 1987

Хонаи қонунӣ надорам ман,
Чунки ман берунам зи қонунҳо.
Хонаи қонуним будӣ, агар
Будаме омада зи берунҳо...

Шоире қонуне намешносад,
Гарчи бошад ҳамеша дар қайде.
Аҳли байташ гурусна ҳам мирад,
Мехурад боз ҳам ғами байте.

Шоирони ғарибу бехона
Дар гузашта чи бас фузун буданд.
Баски буданд дар ғами мардум,
Баски мавлою зуфунун буданд.

Шоирон бас фақиру бекасукӯй,
Балки бегӯру бекафан мурданд,
Лек дар хидмати замон буданд,
Лек дар ҳасрати Ватан мурданд.

Шоире, ки ғами ҷаҳон дорад,
Хонааш ошёнаи дилҳост.
Ғами шоир чӣ мехурӣ, эй дун,
Хонаи шоирон ҳама дунёст!

Ханда мегирадам, ки мепурсанд
Одамон вазъи хонаи шоир
Пеши рӯшон китоби тозаи ӯ,
Дар забоншон таронаи шоир.

Ханда мегирадам, ки механданд
Одамон хонда шеърҳои варо,
Лек аз чист, ки намегирянд
Дида сад дарди бедавои варо?...

Хайр бошад! Чӣ ҳам тавонӣ кард?
Ин мабодо зи бад батар гардад.
Ин мабодо барои вусъати шеър
Хонаи танг тангтар гардад.

Сабзбахтам, ки зистам ошиқ
Берун аз ҳар фиребу ҳар шайде.
Ҳайф, сад ҳайф, ки наарзиданд
Байтҳоям ба қиммати байте...

Лек шодам, ки байтҳо дорам,
Аз ду-се обкӯр боке нест.
Лоиқ ар нестам ба байти шумо.
Дар ягон байти хеш хоҳам зист!

Худ надонам зи кӣ суол кунам,
(Гарчи фарҷоми умри ман дур аст)
Хонаи қонуним агар ин нест,
Хонаи қонуним пас гӯр аст?

[1997]

 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵