Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Рӯдакӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000


Рӯзҳо мегузаранд

ҶАВОНӢ МЕРАВАД...

Ҷавонӣ меравад аз ман, ҷавонӣ меравад охир,
Нахоҳам рафтанашро, лек аз ман меравад, ором,
Дурахши чеҳраву мӯи сияҳ, чашмони бодомӣ –
Ҳама хоҳанд шуд радду бадал монанди рӯзу шом.

Ҷавонӣ сабзае не, то ба ҳар фасли баҳор аз нав
Дамад аз хоку боз оро диҳад саҳрои урёнро;
Ҷавонӣ офтобе не, ки бегаҳ рафта, субҳ ояд,
Ҷавонӣ моҳ не, ҳар маҳ нахоҳад гашт ӯ пайдо.

Дареғо, ин гули бесурати садранги атрафшон
Фақат як бор дар шохи ниҳоли умр механдад,
Фақат як бор! Лекин одамӣ бо ёди бӯи он
Тасаллӣ ёфта, уммед бар оянда мебандад.

Муҳаббат! Ту, фақат ту қодирӣ аз рафтани айём
Маро бар омади айёми дигар раҳнамо бошӣ,
Ба роҳи умр дастодаст бо ман зиндагӣ ҷӯӣ,
Ба гуфторам садо бошӣ, сурудамро наво бошӣ.

Агар дар нӯшханди субҳи истиқбол дарёбам
Зи айёми ҷавонии азизи худ нишонеро,
Агар дар роҳи сӯи марг рафтанҳои худ бо ту
Ҷавонӣ дода, дарёбам сафои зиндагониро.

Агар дар пириям бинам, ки айёми шабоби ман
Муҷассам дар ҷавонии ҷаҳони тоза гардидаст,
Муҳаббат, аз ту он гаҳ сарфарозу шод хоҳам буд,
Муҳаббат, мешуморам хешро он рӯз болодаст!

Фақат имрӯз з-он озурдаам, ки лаҳза то лаҳза
Ҷавонӣ норизо, бо сад шикоят меравад аз ман,
Ҷавонӣ аз ману ман аз ҷавонӣ шикваҳо дорем,
Илоҷе нест ғайр аз ҳар нафас ин ҳарфҳо гуфтан:

Нагашта сер аз ту, бо ту рӯеро набӯсида,
Ҷавонӣ, меравӣ аз ман. Ҷавонӣ, меравӣ! Падруд!
Ба узри нотавониҳо ман аз ту илтиҷо дорам:
Марав ту оқибат беоқибат аз олами мавҷуд!

[1963]

 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj