Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Прелесть смоляных, вьющихся кудрей
От багряных роз кажется нежней.
В каждом узелке - тысяча сердец,
В каждом завитке - тысяча скорбей.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000


Рӯзҳо мегузаранд

ЭЙ ҶАВОНӢ...

Мекунӣ шаккокию густохиҳо
Бо худоёни замину осмон.
Мехурӯшӣ, меситезӣ,
Мекушоӣ роҳи худро
Дар миёни ин ҳама пасту баландии ҷаҳон.
Ҳамчунон Шаддод, ки сӯи худо
Карда даъвои худоӣ, тир андохт,
Лек тираш бозгашта аз само,
Бар сари моҳӣ расид.
Аз он замон
То кунун бинӣ сари моҳӣ буридаст...
Тирандозӣ ба сӯи осмонҳо айни беандешагист,
Баски меояд фурӯ аз осмон ё бар замин ё бар сарат.

Бо гуноҳи осмон оё равост,
Ин замини бегунаҳ захме хурад?!

Медамӣ чун рӯди фасли навбаҳорон,
Рахна карда кӯҳсорон.
Дарраҳоро бо ҳама ҳангомаат пур мекунӣ,
Мезанӣ бар санги соҳил,
Мезанӣ, девори соҳилро зи по меафканӣ.
Масту мағруру худонотарсу якрав,
– Ин манам! – мегӯиву ду дасти худро бар сари дил мезанӣ.

Меравӣ аз хатти соҳил гаҳ бурун,
Лек то кай?..
Об гардад барфҳои кӯҳсорон,
Дигар аз ҳар қулла н-ояд бар ту оби ғайратафзо.
Дигар аз гардун наояд сели борон,
То лаболаб гардию пуршӯр созӣ иддао.
Фасли тобистон расад, дар зери хуршеди тамуз,
Аз ту мемонад фақат як осиё обу халос,
Дар миёни ин ҳама бешу камӣ худро шинос,
Эй ҷавонӣ,
Эй ҷавонӣ!

1.03.1966 – Новороссийск

 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj