Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.
Ахлоқи Мӯҳсини
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000


Чорсӯи зиндагӣ

ҚУФЛ

То надуздад молу мулки ҳеҷ касро ҳеҷ кас,
Фикр карда мардумон пас қуфлу дарбон ёфтанд.
Хотири худ ҷамъ бинмуда, паи ишқу ҳавас
В-аз паи рӯзӣ ба роҳи зиндагӣ биштофтанд.

Лек назди дузд дарбон чист? Марди оҷизе,
Зад ба теғи ноҳақеву хуни дарбонро бирехт.
Қуфли дар ҳам назди виҷдонаш ягон садде нашуд,
Хонаро тороҷ карду гӯиё хокаш бибехт.

Пас киро боист дарбон кард, то дузде аз он
Ҳеҷ натвонад, ки ҳатто як сари мӯе канад?
Пас чӣ дар ин роҳ авлотар зи қуфлу посбон,
То на теғеву на зӯре гардани ӯро занад?

Ман тасаввур мекунам ин сон аҷоиб қуфлро:
На зи фӯлоду зи оҳан, ҳам на бар дар ҷои он,
Балки аз номус, аз инсофу аз тавфиқҳо
Бар дари ҳирси чу ғору чашми танги нокасон!

1960

 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj