Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
К добру и миру тянется мудрец,
К войне и распрям тянется глупец.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000


Чорсӯи зиндагӣ

КИТОБИ САНГИН

Ба рӯи санги қабри хоксоре,
Чунин ҳак гашта байти обдоре:
“Маро бо хоҳиши ман н-офариданд,
Вале бо хоҳиши худ ҳам намурдам.
Ҳар он чизе, ки аз дунё гирифтам,
Ба дунё боз чун қарзаш супурдам”.

Ба санги обшуста, лайсу ҳамвор,
Чунин лавҳест аз ёри вафодор:
“Ба тори қуллаҳо фарёд кардам,
Ҷавонии туро ман ёд кардам,
На ту боз омадию на ҷавонӣ,
Ба байте сангро обод кардам”.

Бидидам дар яке болори хона,
Чунин дубайтӣ аз усто нишона:
“Биё, меҳмони ман шав, эй бародар,
Гулистон кун даме кошонаи ман.
Биё ҳар гоҳ дасти холӣ, аммо
Дили холӣ наё бар хонаи ман”.

Ба даври шаҳсутуни хонақоҳе,
Чунин шаҳбайт аз оқил гувоҳе:
“Намеарзад барои молу мансаб
Бародарзода бифребад бародар.
Чу мо фарзанди куҳҳои баландем,
Ба мо пастӣ намезебад, бародар!”

11.07.1966 – Новороссийск

 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj