Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,
Киштие соз то бад-он гузарӣ.
Рӯдакӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000


Чорсӯи зиндагӣ

АЪМО

Одами аъмо
доимо
“менигарад” сӯи само
Тира менамояд
пардаи сафед
дунёи равшанро,
аммо меёбад
моварои тирагиҳо
роҳи рафтанро.

Пилкҳояш
мепаранд,
метапанд
чун ларзаи мавҷ
ё су-суи нур;
мижжагонаш
болак мезананд
мисли парвона
сӯи осмон,
ки чаро,
эй худо,
дили бино додӣ,
надодӣ чашми бино?

Зери осмони бениҳоят
саропо шикоят
додхоҳ,
имдодхоҳ,
аз даргоҳи таоло,
менигарад ба боло.
Дастҳояш,
пойҳояш
мепалмосанд
роҳҳоро.
Асояш –
он ягона муттакояш,
он ягона роҳнамояш
тук-тук мекӯбад
пушти заминро;
балки мекӯбад
дари гӯристонро...


Ягона
зери офоқи бекарона
асояш –
раҳнамою раҳкушояш
чӯби хушкест,
ки руста аз оби дидагон –
дидагони обравон,
аммо хушкида
аз шӯрии ашки он...

Меравад,
меравад,
кӯр-кӯрона,
аммо росттар,
ҳамвортар, беозортар
аз ҳазор бино,
зеро аввал
мебинад ҷои худ
з-он сипас
мениҳад пои худ...

16.02.1983 – Бемористон

 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj