Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Ты украшаешь мир, ты - солнце и луна,
А в солнце лишь краса твоя отражена!
Виденье дивных уст в душе не утаить -
Оно и в блестках брызг искристого вина.
Надира
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000


Шеъри рӯз

МӮЙСАФЕДОН

Баҳор ояд, чу вақти кишт ояд,
Замин ҳамчун дили ошиқ биҷӯшад.
Ҷавону пир баҳри ҳосили нав
Саҳар то шом дар саҳро бикӯшад.

Нахустин донаро пошанд пирон,
Ки дорад дасташон хайру шарофат.
Пас аз ин дигарон пошанд дона,
Гирифта фотиҳа з-онҳо ба ҳурмат.

Чу ҳангоми дарав ояд, бибинӣ,
Пазад гандум сари хам рӯи саҳро.
Нахустин мӯсафеде дос гирад,
Бигирад қабзае, з-он пас дигарҳо.

Ба тӯю бар зиёфатҳои мардум,
Насозӣ то хабар, ҳаргиз наоянд,
Валекин рӯзи мотам, рӯзи андӯҳ
Сари хам, бе хабар дарро кушоянд.

Ба деҳ коре сару сурат нагирад
Бидуни дасти хайри мӯсафедон,
Зи бисмиллоҳи онон гардад оғоз
Шавад анҷом бо омини эшон.

Агарчи пири барҷомонда ҳастанд,
Ҷавонӣ монда аз онҳо нишона,
Агарчи пир, лек оғози моянд,
Гили девори ин иқболхона.

Ризоманд аз замин то осмонанд,
Ки диданд ин замони меҳрубонро.
Чу санги осиё кам гашта аз кор,
Фузун карданд ризқи мардумонро.

Қадам монанд ботамкину сангин
Ба раҳҳо монда нақши вопасинро,
– Худоё, чанд рӯзи дигарам монд? –
Ба дил гӯянд, чин баста ҷабинро.

Гузоранд охирин мерос аз худ –
Ба фарзандон диҳанд андарз ҳар дам:
– Ту аввал ёб худро, пас худоро,
Гар аз худ монӣ, монӣ аз худо ҳам.

Баранд онҳо на пирӣ, на ҷавонӣ,
Ба рӯзи вопасин аз зиндагонӣ.
Ба мо монад сарафрозию мардӣ,
Ба мо ҳам пирӣ монад, ҳам ҷавонӣ.

2.05.1966 – Новороссийск

 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj