Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 


1941 - 2000


Шеъри рӯз

ДУХТАРИ РУСТОӢ

Нарафтӣ ҷанг мисли духтари рус,
Набастӣ захмҳои аскаронро.
Накардӣ сила бо дастони нармат
Сари аз тир маҷрӯҳи ҷавонро.

Валекин андаруни номаи худ
Фиристодӣ ба ӯ рӯмоли алвон,
Ки дар рӯзи зафар бошад ба дасташ
Ба мисли парчами сурхе парафшон.

Тасалло додӣ, дилбардорӣ додӣ,
Варо дар номаҳои маҳрамона.
Варо дар номаи худ бӯса кардӣ,
Ба он лабҳои пазмон ғоибона.

Ба ҳангоми дарав шаббош рафтӣ,
Ба хирманҷойҳо бедор хуфтӣ,
Ба мисли гандуми пухта сари хам
Ғаму тимори худ бо кас нагуфтӣ.

Нигоҳи пурхуморат сӯи раҳ буд,
Дилат дар чанги гургон буд аз ғам.
Ҷавон будӣ, вале фасли муҳаббат,
Гарон омад, хазон оварду мотам.

Ба хилватгоҳҳои дашту саҳро
Ту мехондӣ: “Ҷавонам ман, ҷавонам...
Илоҳӣ бишканад дасти камонсоз,
Ки аз дасти камон бехонумонам”.

Забон меёфт гандумзори хомӯш,
Ба сӯзат ҳамсадо мегашту ҳамдард,
“Фалак аз рашки ҳусни офтобам,
Маро аз ёри дилбандам ҷудо кард”.

Сарак мечидию медидӣ гоҳе
Сари ёрат чунон афтода дар хок.
Сари кӯҳи баланд истода гоҳо
Варо фарёд мекардӣ зи афлок.

Ҷаҳони ту хамӯшу бенафас буд,
Хамӯшияш чӣ даҳшат дошт, хоҳар!
Ту нашнидӣ садои тиру таркиш,
Вале дардаш туро обу адо кард.

Набастӣ бар миёнат тирдоне,
Нарафтӣ ҷанг мисли духтари рус
Ту бо худ ҷанг кардӣ, доштӣ пок
Ба аскарбаччаи шайдот номус...

11.05.1966 – Новороссийск

 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj